Оғоз ба кори Иҷлоси сарони СҲШ дар Покистон
Октябр 16, 2024 09:19 Asia/Dushanbe
Саҳоб – 23-юмин нишасти раисони давлатҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Исломобод, пойтахти Покистон оғоз шуд.
Ба гузоришаши хабаргузории Садо ва симо, дар иҷлоси ду рӯзаи 2024 сарони Созмони Ҳамкории Шанхай, пас аз баррасии тақвияти равобиту ҳамкориҳои фарҳангӣ бо меҳварияти тиҷорату иқтисод, раҳбарони кишварҳои узв тасмимоти созмонӣ барои афзоиши ҳамкорӣ ва тасвиби буҷети созмонро иттихоз хоҳанд кард.
Созмони Ҳамкории Шанхай, созмони байналмилалии байнидавлатӣ аст, ки июни 2001 дар Шанхайи Чин аз суи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистону Узбекистон таъсис шуд.
иқти
Барчасп