Март 13, 2022 17:49 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Сипоҳи посдорон: Маркази роҳбурдии тавтиа ва шарорати саҳюнистҳо мавриди ҳадафи мушакҳои Сипоҳ қарор гирифт
    Баёнияи Сипоҳи посдорон: Маркази роҳбурдии тавтиа ва шарорати саҳюнистҳо мавриди ҳадафи мушакҳои Сипоҳ қарор гирифт

Равобити умумии кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар баёнияе бо ишора ба ҳадаф қарор гирифтани маркази роҳбурдии тавтиа ва шарорати саҳюнистҳо тавассути мушакҳои нуқтазан, таъкид кард: Такрори ҳар гуна шарорат бо посухи сахт, қотеъ ва вайронгар мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Бомдоди имрӯз 2 пойгоҳи ҷосусии Созмони иттилоъот ва амалияти вижа (Моссад)-и режими саҳюнистӣ дар Арбили Ироқ ҳадафи мушакҳои нуқтазани Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ қарор гирифт. 

Ба дунболи ин ҳамалоти мушакӣ ва ракетии густарда занги хатари консулгарии Амрико дар Арбили минтақаи Курдистони Ироқ ба садо даромад ва тамоми пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқ ба ҳолати омодабоши комил даромаданд.

Ба гузориши Сипоҳнюз,  дар пайи шароратҳои ахири режими саҳюнистӣ ва ҳадаф қарор гирифтани макази роҳбурдии тавтиа ва шарорати саҳюнистҳо равобити умумии кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо судури баёнияе эълом кард: Дар пайи ҷиноятҳои ахири режими ҷаълии саҳюнистӣ ва эълони қаблӣ мабни бар бепосух нагузоштани ҷиноятҳо ва шароратҳои ин режими манҳус шаби гузашта маркази роҳбурдии тавтиа ва шарорати саҳюнистҳо мавридҳи ҳадафи мушакҳои қудратманд ва нуқтазани Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ қарор гирфт. Дар ин баёния хитоб ба миллати Эрон омада аст: Амният ва оромиши меҳани исломӣ хати сурхи неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон буда ва ба ҳеҷ кас иҷозаи таҳдид ва таъарруз ба онро нахоҳад дод.

 

Барчасп