3 нишони тиллои тэквандокорони эронӣ дар мусобиқоти Ҷоми раёсати федератсиони ҷаҳонӣ
(last modified Sun, 13 Mar 2022 13:33:02 GMT )
Март 13, 2022 18:33 Asia/Dushanbe
  • 3 нишони тиллои тэквандокорони эронӣ дар мусобиқоти Ҷоми раёсати федератсиони ҷаҳонӣ
    3 нишони тиллои тэквандокорони эронӣ дар мусобиқоти Ҷоми раёсати федератсиони ҷаҳонӣ

3 тэквандокори эронӣ дар мусобиқоти Ҷоми раёсати федератсиони ҷаҳонӣ медали тиллоро ба даст оварданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон чаҳорумин давраи рақобатҳои тэквандои Ҷоми раёсати федератсиони ҷаҳонӣ дар вазнҳои 54-63-74 ва 87 килограм бо ҳузури 102 тэквандокор аз кишварҳои Афғонистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҳинд, Эрон, Ироқ, Урдун, Қазоқистон, Лубнон, Уммон, Непал, Покистон, Туркия, Тоҷикистон, Узбакистон ва тимҳои паноҳандагон дар Теҳрон оғоз шуд, ки дар ниҳоят намояндагони Эрон дар се вазн ба ҳамроҳи як тэквандокор аз Урдун тиллоҳои нахустро ба худ ихтисос доданд.

Маҳдии Ҳоҷмусоӣ дар вазни 54 килограм, Мирҳошими Ҳусайнӣ дар вазни 74 килограм ва Меҳрони Бархурдорӣ дар вазни 87 килограм ба нишони тилло даст ёфтанд.

Зайд Алҳаволонӣ аз Урдун низ дар вазни 63 килограм ба нишони тилло расид.

Тими тэквандои Эрон ҳамчунин мувафақ ба касби ду медали нуқра ва чаҳор нишони биринҷӣ дар рӯзи нахусти мусобиқот шуд.