Март 14, 2022 10:15 Asia/Dushanbe
  • Табрики солрӯзи валодати босаодати ҳазрати Алӣ Акбар (а) ва рӯзи Ҷавон

Имрӯз (душанбе), ёздаҳи шаъбони соли 1443 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо чаҳордаҳуми марти 2022, солрӯзи валодати босаодати ҳазрати Алӣ Акбар (а), фарзанди имом Ҳусайн (а) аст.

Ҳазрати Алӣ Акбар (а) 11 шаъбони соли 33 ҳиҷрии қамарӣ дар Мадина чашм ба ҷаҳон кушоданд.

Имом Ҳусайн (а) ҳазрати Алӣ Акбар (а) -ро шабеҳтарин мардум дар хилқату офариниш, ахлоқу сифоти рӯҳӣ, гуфтору одоби иҷтимоӣ ба расули акрам (с) муаррифӣ мекарданд.

Ҳазрати Алӣ Акбар (а) дар 10 муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар воқеаи Ошӯро ба ҳамроҳи падари бузургворашон ва ёрони бовафои он ҳазрат ба шаҳодат расиданд ва дар канори имом Ҳусайн (а) дар Карбало ба хок супурда шуданд.

Рӯзи валодати ҳазрати Алӣ Акбар (а) дар тақвими Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи Ҷавон номгузорӣ шудааст.

Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон солрӯзи валодати ҳазрати Алӣ Акбар (а) - ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон табрику таҳният мегӯяд.

 

Барчасп