Партоби мувафақиятомези моҳвораи "Нур" аз ҷилваҳои иқтидори миллӣ аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дастёбии донишмандони эронӣ ба фановарии пешрафта ва ҳузур дар фазоро бисёр арзишманд ва ифтихорофарин донист.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ Сайид Иброҳими Раисӣ дар ҷаласаи ҳайати давлати Эрон бо баёни ин ки дастёбӣ ба фановарии пешрафта ва ҳузур дар фазо, бисёр арзишманд ва ифтихорофарин аст, хотирнишон кард, дастёбӣ ба ин фановарӣ аз ҷумлаи ҷилваҳои иқтидори миллӣ аст, ки бо ҳиммати нерӯҳои мусаллаҳ ба вижа Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва маҷмуъаи Вазорати иртиботот ба даст омада аст ва бояд бо қуввати бештар идома пайдо кунад.
Раисӣ ҳамчунин талош барои ҳузури фаъол дар бозори кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро мавриди таъкид қарор дод ва гуфт: Дар моҳҳои ахир иқдомоти хубе дар ин замина оғоз шуд ва лозим аст бо таваҷуҳ ба шароити мавҷуд барномарезии ҷомеъ барои ҳузури фаъолтар ва густардатар рақам бихурад.
Партоби моҳвораи Барҳо ва низ моҳвораҳои бумӣ дар чанд соли ахир намоди ин пешрафти бузур дар арсаҳои фазоӣ маҳсуб мешавад. Акнун Эрон дар байни 10 кишварзи фазоии ҷаҳон қарор дорад, ки ин амр ҳосил ва самараи чанд даҳа талош ва муҷоҳидати мутахассисони ин сарзамин буда ва ба ҳамин далел Эрон аз ҷойгоҳи қобили қабул дар ин саноъат бархурдор аст.
Тафовути барномаи фазоии Эрон бо дигар кишварҳои минтақаи ғарби Осиё ин аст ки Эрон бар тавони дохилӣ устувор буда ва аз фановарии бумӣ ва дохилии худ баҳра ҷуста аст.