Таъкиди Русия бар тадовуми музокироти лағви таҳримҳо
(last modified Mon, 14 Mar 2022 13:09:39 GMT )
Март 14, 2022 18:09 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Русия бар тадовуми музокироти лағви таҳримҳо
    Таъкиди Русия бар тадовуми музокироти лағви таҳримҳо

Вазири хориҷаи Русия дар баёнияе эълом кард, музокироти лағви таҳримҳои Эрон ба таври оддӣ ва бедуни таъхирҳои сохтагӣ идома дорад.

Ҳаштумин даври музокироти рафъи таҳримҳо дар Вена, ки аз 8 феврал оғоз шуд, рӯзи 11 март барои чандумин бор вориди як даври истироҳатӣ шуд.

Ин музокирот ба далели ибтикори тими музокиракунандаи Эрон пешрафтҳоеро таҷруба карда аст, аммо сустии тарафҳои ғарбӣ ба вижа давлати Ҷо Байден барои ҷуброни иқдомоти ғайриқонунии давлати пешини Амрико ва тадовуми корзори фишори ҳадиаксарӣ мунҷар ба тардидҳое дар ҷидияти ин кишвар барои рафъи таҳримҳои золимона ва тулонӣ шудани раванди гуфтугӯҳо шуда аст.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, тибқи баёнияи Вазорати хориҷаи Русия, ки имрӯз душанбе мунташир шуд, вақфа дар музокироти эҳёи БарҶом дар рӯзи 11 март эълом шуд. Ҳайатҳои ширкаткунанда дар музокирот барои анҷоми ройзаниҳо ба пойтахтҳои кишварҳои худ бозгаштанд. Кор бар рӯи паҳлуҳои муҳими тавофуқи оянда барои эҳёи тавофуқи ҳастаии Эрон идома дорад. Матни он бо таваҷҷуҳ ба масоили боқимонда байни музокиракунандагони эронӣ ва амрикоӣ дар ҳоли ислоҳ аст.

Ин баёния меафзояд: Бархе тарафҳои музокиракунанда низ бояд тасмимҳои сиёсӣ дар бораи тасвиби матни ниҳоии тавофуқ бигиранд. Музокирот тибқи риволи оддӣ идома дорад ва ҳеҷ таъхири сохтагӣ барои суҳбат кардан дар бораи он вуҷуд надорад.

Бар асоси баёнияе Вазорати хориҷаи Русия, ин кишвар бар ин бовар аст, ки роҳи аз саргирии комил ва муъассири иҷрои тавофуқи ҳастаӣ аз тариқи эҳёи тавозун байни паҳлуҳои ҳастаӣ ва иқтисодии тавофуқ ва ҳамчунин байни манофеъи марбут ба ҳамаи тарафҳои тавофуқ аст.