Март 15, 2022 15:06 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи нерӯи ҳавоии артиши Эрон: Посухи Эрон ба мутаҷовизон пушаймонкунандааст

Фармондеҳи нерӯи ҳавоии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Ҳар мутаҷовизе зидди Эрони исломӣ даст аз по хато кунад, мунтазири посухи кубанда хоҳад буд ва ин посух барои душманон пушаймонкунандааст.

Ба гузориши ИСНА, генерал Ҳамиди Воҳидӣ, фармондеҳи нерӯи ҳавоии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба нақши ин нерӯ дар истимрори амнияти пойдори ҳоким бар кишвар гуфт: Нерӯи ҳавоӣ дар истиқлолу амнияти тамомияти арзии ҳар кишвар, нақш муҳимме дорад ва нерӯи ҳавоии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эронимуассиртарин нақшро дар истимрори амнияти пойдоре, ки бар марзҳо бавижа осмони кишвар ҳоким аст, бар ӯҳда дорад.

Генерал Воҳидӣ бо ишора ба вазъияти омодагии нерӯи ҳавоии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нигаҳдорӣ аз осмони кишвар, бо баёни инки нерӯи ҳавоии артиш омодатар аз ҳамеша аз марзҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дифо мекунад, тасреҳ кард, акнӯн нерӯи ҳавоии артиш дар авҷи омодагӣ ва салобат қарор дорад.

Генерал Ҳамиди Воҳидӣ амниятро хати қирмизи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон баршумурд ва таъкид кард: Ҳар мутаҷовизе алайҳи Эрони исломӣ даст аз по хато кунад, мунтазири посухи кубанда хоҳад буд ва ин посух барои душманон пушаймонкунандааст.

 

Барчасп