Бузургдошти Ҳаким Низомӣ, достонсарои номии эронӣ дар Туркманистон
Маросими бузургдошти достонсарои номии эронӣ, Ҳаким Низомии Ганҷавӣ бо ҳузури ройзани фарҳангӣ, муовини сафорат, устодони забону адабиёти форсӣ ва ақшори мухталифи ҷомеаи Туркманистон, аз ҷумла форсиомӯзон баргузор шуд.
Ҷамолиддин Абумуҳаммад Илёс, мутахаллис ба Низомии Ганҷавӣ, шоиру достонсарои эронӣ дар қарни давоздаҳуми милодӣ мезистааст.
“Махза ул Асрор”, “Ҳафтпайкар”, “Хусрав ва Ширин”, “Шарафнома (Искандар)”, “Лайлӣ ва Маҷнӯн” ва девони Ҳаким Низомӣ аз осори машҳури ин шоири эронӣ аст.
Оромгоҳи Ҳаким Низомӣ, дар ҳошияи ғарбии шаҳри Ганҷа қарор дорад.
Ба гузориши ИРНА, Навиди Расулӣ, ройзани фарҳангии сафорати Эрон дар Туркманистон гуфт, шоҳкори ҷовдонаи Ҳаким Низомӣ, яъне панҷганҷи ҳалқаи иртиботи кишварҳои порсизабон аст.
Беҳзоди Ризозон, устоди забону адабиёти форсӣ низ дар суханоне бо баёни инки Низомӣ аз сутӯнҳои шеъри достонӣ ва маснавиҳои базмии адаби форсӣ аст, гуфт: "Низомӣ бо ҳунармандии хоси худ, мутаносиб бо мавзӯъ ва ҳадафи асараш, сароғозҳои мутанаввиеро офаридааст."
Вай бо ишора ба таъкиди Низомӣ бар унсури хирад тасреҳ кард: " Низомӣ ба монанди Фирдавсӣ ва Шоҳнома дар оғози Иқболномаи худ бар унсури хирад таъкиди фаровон дорад ба гӯнае, ки абёти аввали ин Маснавӣ, ёдовари байти аввали Шоҳнома аст."
12 марти 2022 рӯзи Ҳаким Низомӣ дар Эрон аст ва камиссиони миллии ЮНЕСКО, Эрон ҷоизае ба номи Ҳаким Низомӣ ба чеҳраҳои баргузидаи фарҳангу ҳунар дар ҳавзаҳои мухталиф эъто мекунад.
Ин ҷоиза дар бахши байналмилал низ эҳдо хоҳад шуд.
Бештар бихонед: