Март 15, 2022 18:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳазрати оятуллоҳ Алавии Гургонӣ ба малакути аъло пайваст
    Ҳазрати оятуллоҳ Алавии Гургонӣ ба малакути аъло пайваст

Оятуллоҳ Сайд Муҳаммадалии Алавии Гургонӣ аз мароҷеъи тақлид дар сини 82 солагӣ даъвати ҳақро лабайк гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо ин олими рабонӣ субҳи шанбеи ҳафтаи ҷорӣ ба илати бемории уфунӣ ва таби боло дар бемористон бистарӣ шуд ва аз якшанбе бо ташдиди бемори ба кома рафт. Оятуллоҳ Сайд Муҳаммадалии Алавии Гургонӣ аз мароҷеъи тақлид ва аз устодони дасри хориҷи фиқҳ ва усул дар Қум буд. Ӯ аз шогирдони оятуллоҳ Буруҷердӣ, Имом Хумайнӣ(р), оятуллоҳ Гулпойгонӣ ва оятуллоҳ Арокӣ буда аст. Ин марҷаъи фақид дорои таълифоти мухталифе аст, ки дар қолаби нармафзор тавассути марказӣ компиютерии улуми исломӣ ҷамъоварӣ ва мунташир шуда аст. Илова бар солҳо тадрис дар сутуҳи олии ҳавза ва тарбияти садҳо шогирд дар ҳавзаи илимияи Қум, сохти чанд масҷид ва дармонгоҳ дар устони Гулистон ва Симнон ва таъсиси сандуқи қарзулҳасана дар Теҳрон аз ҷумлаи иқдомоти иҷтимоъии ин марҷаъи фақеҳи инқилобӣ аст.

 

Барчасп