Март 17, 2022 12:23 Asia/Dushanbe
  • Генерал Рамазон Шариф: Масъалаи Фаластин дар ҳамаи абъод рӯ ба пеш ҳаракат кардааст

Раиси Ситоди интифоза ва Қудси шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломии Эрон, масъалаи Фаластинро дар ҳамаи абъод, аз ҷумла огоҳибахшии ҷаҳонӣ ва кумакрасонӣ рӯ ба пеш унвон кард.

Генерал Рамазон Шариф бо ишора ба инки ҳамаи мушкилоти ҷаҳони ислом, ба навъе бо тарроҳӣ ва барномарезии режими саҳюнистӣ иттифоқ афтода аст, гуфт, яке аз меъёрҳои санҷиши мусулмони воқеӣ будан, мизони муқобила ва мухолифат бо ин режими ғосиб аст, ки дар зеҳн, амалу рафтори мусулмонон шакл гирифтааст.

Рамазон Шариф бо баёни инки режими саҳюнистӣ имрӯз дар шароити хубе қарор надораду имсол фазои рӯзи Қудси мутафовит хоҳад буд афзуд, масъалаи Фаластин дар ҳамаи абъод, ҳам ба лиҳози огоҳибахшии ҷаҳонӣ ва ҳам дар кумакрасонӣ, рӯ ба пеш ҳаракат кардааст ва шароит ба гунае шуда, ки саҳюнистҳо, эътироф мекунанд, ки дигар қодир ба муқобила бо мардуми боангеза ва мусаммами Фаластин нестанд ва дар муқобили огоҳӣ, тавони низомӣ ва мӯшакҳои онҳо нотавон шудаанд.

Вай тасреҳ кард, “Рӯзи Қудс” мӯҷиби воковии ҳарсолаи парвандаи ишғолгарии режими саҳюнистӣ аст ва дар натиҷа мӯҷиб шуд, режими саҳюнистӣ дар расидан ба бузургтарин ҳадафи худ, яъне фаромӯш шудани масъалаи Фаластин, ноком бимонад.

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст.

 

Барчасп