Март 17, 2022 13:26 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Сафари вазири хориҷаи Эрон ба Русия ва натоиҷи он 

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе дар садри ҳайате барои дидор ва гуфтугӯ бо Сергей Лавров,  вазири умури хориҷаи Русия, вориди Маскав шуд ва дар маҳали вазорати умури хориҷаи ин кишвар бо вай дар бораи мавзуоти дуҷониба, музокироти Вена, Украина, Сурия, Яману Афғонистон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гуфтаи Амирабдуллоҳиён, Русия ҳамчунон барои дастёбӣ ба тавофуқи ниҳоӣ дар Вена ҳамроҳ аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳам чунин дар нишасти хабарии муштарак бо Лавров тасреҳ кард, Русия ҳеҷ монеъи барои расидан ба тавофуқ нахоҳад буд ва ҳеч иртиботе байни таҳаввулоти Украин ва музокироти Вена вуҷуд надорад. Амирабдуллоҳиён гуфт, Русия ҳамчунон, ки аз ибтидои музокироти Вена нақши бисёр мусбат ва созандае дошт, то поёни музокироти ва расидан ба як тавофуқи хуб, қавӣ ва пойдор дар канори Эрон хоҳад буд ва аз расидан ба тавофуқи хуб ҳимоят хоҳад кард.

Лавров низ музокира бо Амирабдуллоҳиёнро дар фазои дустона тавсиф кард ва аз таҳияи пешнависи ҳамкориҳои Маскаву Теҳрон дар арсаҳои байналмилалӣ, тиҷорӣ ва иқтисодӣ хабар дод.

Вазири умури хориҷаи Русия таъкид кард, ҳеҷгуна таҳрими ғайриқонунӣ наметавонад, монеъи рушди тасоудӣ ва рӯ ба ҷилави Эрон ва Русия бошад. Вай дар бораи музокироти Вена гуфт, Маскав хоҳони эҳёи сареътари БарҶом аст ва амрикоиҳо бояд ба ин тавофуқ баргарданду таҳримҳои ғайриқонуниро лағв кунанд.

Таъкиди вазири хориҷаи Эрон бар нақши созандаи Русия дар музокироти Вена бо таваҷҷӯҳ ба фазосозиҳо ва ҷанги равонии ғарбиҳо алайҳи Русия, аз ҷумла дар чорчӯби музокироти рафъи таҳримҳо дар Вена ва иддаои инки Маскав қасди монеатарошӣ дар масири расидан ба тавофуқи ниҳоӣ байни Эрону гурӯҳи 1+4 ва Амрикоро дорад, сурат гирифтааст. Пеш аз ин Русия хоҳони муофияти равобити иқтисодӣ ва тиҷории худ аз шумули таҳримҳои Амрико дар чорчуби муҷозоти Маскав ба далели ҷанги Украина шуда буд. Аммо ин хостаи Русия бо вокуниши манфии Амрико мувоҷеҳ шуда буд. Дар ин росто Амрико бо ҳаргуна ироаи муофият аз таҳримҳо ба Русия барои эъломи ҳимояташ аз расидан ба тавофуқе дар музокироти Вена мухолифат кард.

Ризо Забеҳӣ, коршиноси масоили байналмилал дар бораи вақфаи эҷод шуда дар музокироти эҳёи БарҶом гуфт, далели таваққуфи музокироти ҳастаӣ, тадовуми ихтилоф миёни Эрон ва Амрико аст ва мавзӯи буҳрони Украина дар ҳоли ҳозир асари таъйинкунандае дар сарнавишти музокирот надорад.

Бо ин ҳол таҳаввулоти ахир бавижа сафари вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Русия ва музокироти вай бо ҳамтои русии худ муҷиби натоиҷии мусбат дар ин замина шудааст. Сергей Лавров дар нишасти хабарии рӯзи сешанбе гуфт, ки Амрико ба Русия тазмин катбӣ додааст, ки таҳримҳои вазъ шуда алайҳи Русия ба хотири ҷанги Украина монее дар роҳи ҳамкории он кишвар бо Эрон дар чорчуби БарҶом монее эҷод нахоҳад кард. Як мақоми амрикоӣ дар вокуниш ба гуфтаҳои Лавров гуфт: "Албатта, ки мо мушорикати Русияро дар тарҳҳои ҳастаӣ, ки бахше аз раванди бозгашт ба иҷрои комил БарҶом аст, таҳрим намекунем. Ин вокуниши Вашингтонро метавон чароғи сабзе барои идомаи раванди музокироти Вена донист.

Бад-ин тартиб акнун туп дар замини Амрико аст то бо пазириши комили хостаҳои Эрон, тавофуқро ниҳоӣ кунад.

Вазири умури хориҷаи Эрон низ бо баёни инки вақфаи эҷод шуда дар музокироти Вена метавонад, заминасози ҳалли мавзуоти боқимонда ва бозгашти ниҳоии ҳамаи тарафҳо ба тааҳҳудоташон дар БарҶом бошад, афзуд: Ҳифзи манофе ва усули Эрон мустақил ва муқтадир ва таъмини манофеи қатъии миллати Эрон мавриди иҳтимоми ҷиддии тими музокиракунандаи Эрон аст.

 

Барчасп