Март 19, 2022 21:41 Asia/Dushanbe
  • Рушди 39 дарсадии тиҷорати Эрон бо кишварҳои ҳавзаи Хазар
    Рушди 39 дарсадии тиҷорати Эрон бо кишварҳои ҳавзаи Хазар

Сухангӯи гумруки Эрон аз рушди 39 дарсадии тиҷорати Эрон бо кишварҳои ҳавзаи Хазар хабар дод.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии гумруки Эрон, Сайид Руҳуллоҳи Латифӣ, сухангӯи гумруки Эрон гуфт: Аз маҷмуъи тиҷорати 6 миллиону 956 ҳазору 317 тонна коло ба арзиши се миллиарду 69 миллиону 407 ҳазору 310 доллар байни Эрон ва кишварҳои ҳошияи дарёи Хазар се миллиону 467 ҳазору 203 тонна коло ба арзиши як миллиарду 496 миллиону 129 ҳазору 342 доллар саҳми содироти колоҳои эронӣ ба чаҳор кишвари Русия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Туркманистон ва Қазоқистон буда аст.

Сухангӯи гумруки Эрон афзуд: Дар 11 моҳи соли 1400 ҳудуди ҳафт миллион тонна коло ба арзиши беш аз се миллиард доллар байни Эрон ва чаҳор кишвари ҳошияи дарёи Хазар табодул шуд, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 23 дарсад дар вазн, 39 дарсад дар арзиш рушд дошта аст.

Латифӣ ҳамчунин гуфт: Русия бо хариди як миллиону 35 ҳазору 63 тонна коло ба арзиши 539 миллиону 393 ҳазору 32 доллар, рушди 11 ва 20 дарсадӣ дар вазн ва арзиш дар рутбаи нахусти содироти колои эронӣ ба кишварҳои ҳошияи дарёи Хазар қарор дорад ва пас аз он Ҷумҳурии Озаройҷон бо хариди 758 ҳазору 506 тонна колои эронӣ ба арзиши 491 миллиону 814 ҳазору 416 доллар ва рушди 5 дарсадӣ дар арзиши коло ва коҳиши 17 дарсадӣ дар вазн қарор гирифта аст.

Сухангӯи гумрук хотирнишон кард: Туркманистон ва Қазоқистон низ ба тартиб мақсадҳои севвум ва чаҳоруми содироти Эрон ба ҳошияи Хазар аст.

Латифӣ дар хусуси воридот аз чаҳор кишвари ҳошияи Хазар низ гуфт: Се миллиону 488 ҳазору 114 тонна коло ба арзиши як миллиарду 573 миллиону 277 ҳазору 959 доллар воридоти 11 моҳаи кишвар аз чаҳор кишвари ҳошияи дарёи Хазар буд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп