Март 22, 2022 17:42 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар пайи даргузашити ҳуҷатулислом Райшаҳрӣ
    Паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар пайи даргузашити ҳуҷатулислом Райшаҳрӣ

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо судури паёме реҳлати ҳуҷатулислом вал муслимин Муҳаммадии Райшаҳриро таслият гуфтанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми маззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари маззами инқилоби исломӣ реҳлати ҳуҷатулислом вал муслимин Муҳаммадии Райшаҳриро таслият гуфтанд.

Раҳбари муззамин инқилоби исломӣ дар паёми худ таъкид карданд: Барои касоне, ки аз тақво ва саломати нафс ва муҷоҳидати мустамари ин руҳонии инқилобӣ бохабаранд, фиқдони вай талху андуҳбор аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин паём хотирнишон карданд: Танавуъи арсаҳои муҷоҳидати ин олими раббонӣ, илмӣ, ахлоқӣ, инқилобӣ, сиёсӣ, идорӣ, ки ҳама бо ихлос ва сафо ҳамроҳ буд аз ӯ шахсияти камназир падид оварда буд.

Эшон дар паёми худ афзуданд: Инҷониб дар тули даҳҳо соли ошноӣ ҳамвора салоҳ ва парҳезкориро дар ишон мушоҳида кардам ва умедворам ин захираи арзишманд сабаби раҳмат ва мағфират ва улувви  дараҷоти вай шавад.

Муҳаммади Райшаҳрӣ намояндаи Теҳрон дар давраи панҷуми Маҷлиси хубрагони раҳбари ва тавлияти остони ҳазрати Абдулазим Ҳасанӣ(а) дар охирин лаҳазоти душанбешаб якуми фарвардинмоҳи соли 1401 дар сини 75 солагӣ, дар бемористони Хотамуланбиё(с)-и Теҳрон ба лиқоуллоҳ пайваст.

Марҳум Райшаҳрӣ дар солҳои инқилоб дар саффи аввали муборизот қарор дошт ва пас аз инқилоб ҳам дар масъулиятҳое чун узвият дар Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, ҳузур дар Вазорати итилоъот ба унвони вазир, Додситони кулли Эрон, намояндаи валии фақиҳ дар беъсаи Раҳбари муаззамин инқилоби исломӣ ва тавлияти остони ҳазрати Абдулазим Ҳасанӣ(а) хидмат кард.

 

Барчасп