Номгузории сол, таъин кардани роҳ барои масъулон ва мардум аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i83064-Номгузории_сол_таъин_кардани_роҳ_барои_масъулон_ва_мардум_аст
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт: Номгузории сол аз сӯи Мақоми муаззами раҳабрӣ таъин кардани роҳ барои масъулон ва мардум аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 25, 2022 14:10 Asia/Dushanbe
  • Номгузории сол, таъин кардани роҳ барои масъулон ва мардум аст
    Номгузории сол, таъин кардани роҳ барои масъулон ва мардум аст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт: Номгузории сол аз сӯи Мақоми муаззами раҳабрӣ таъин кардани роҳ барои масъулон ва мардум аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ, имом ҷумъаи муваққати Теҳрон дар хутбаҳои имрӯзи намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба наздик будани моҳи мубораки Рамазон гуфт: Авлиёуллоҳ худро барои дуъои Абуҳамзаи Сумолӣ, ки хондани он дар моҳи мубораки Рамазон суфориш шуд омода мекарданд ва асомии бузургоне, ки ин дуои Абуҳамзаро дар намози шаб мехонанд вуҷуд дорад.

Вай бо ишора ба оятҳои тавҳидии Қуръон гуфт: Марифат ба сифоти Худо дар маърифатафзоии инсон таъсиргузор аст, аз ҷумлаи ин сифатҳо илми Худо ба ҷаҳони ҳастӣ аст.

Оятуллоҳ Хотамӣ бо ишора ба тавсияи Имом Хумайни(р) мабни бар ин ки "Олам маҳзари Худо аст дар маҳзари Худо маъсият накунед" гуфт: Ин ки Худо ҳамвора инсонро мебинад ва метавонад ҳувияти инсонро зеру ру кунад ин бовар дар арсаҳои мухталиф таъсиргузор аст ва сабаб мешавад инсон эҳсоси танҳоӣ ва ғурбат накунад.

Хатиби ҷумъаи Теҳрон дар хутбаи дуввуми намози ҷумъа бо табрики соли нав гуфт: Умедворам дуъое, ки дар ибтидои сол хондем барои ҳамаи мардум муҳақақ шавад.

Хатиби ҷумъаи Теҳрон хитоб ба масъулон гуфт: Тавсия мекунам пас аз таътилот як ду рузи нахуст корро ба иддиданӣ сипари накунанд ва билофосила ба хидмат бипардозанд.

Оятуллоҳ Хотамӣ бо ишора ба шиъори сол гуфт: Ҳудуди 10 сол аст, ки Раҳбари муаззами инқилоб дар номгузориҳои сол рӯи масоили иқтисодӣ такия доранд, иллати он ҳам ин аст, ки душман дар садади зарба задан аз тариқи иқтисодӣ аст ва ин тадбири Раҳбари инқилоб тавтеаи душманро ноком мегузорад.

  • Вай бо баёни ин ки Раҳбари инқилоб аз фишори маъишатӣ ба унвони яке аз талхиҳои соли 1400 ёд карданд, изҳор кард: Ранҷи ин раҳбари бузург ранҷи мардум аст ва ҳамон тавре, ки ишон гуфтанд илоҷи ин мушкилот бо сабр ва гузашти замон рух хоҳад дод.
  • Оятуллоҳ Хотамӣ бо баёни ин ки душман дар ҳоли талош барои таблиғи ноумед кардан аст, гуфт: Ин дар ҳоле аст, ки унсури умедофаринӣ дар кишвар мавҷ мезанад.
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон идома дод: Нахустин унсури умедофаринӣ кумаки Худо аст, ки ҳамвора буд ва аз ин ба баъд ҳам иншоалллоҳ хаҳад буд, унусри дуввум умеди вуҷуди мардуми муъмин ва вафодор ба инқилоб аст. Душман 44 сол талош кард то ин мардумро аз инқилоб ҷудо кунад, аммо натавонист ва нахоҳад тавонист.
  • Оятуллоҳ Хотамӣ яке аз унсури умедофариниро таҷрубаҳои гузашта донист ва гуфт: Сухангуи Вазорати хориҷаи Амрико гуфт мо дар фишори ҳадиаксари шикасти муфтазиҳона хурдем ба онҳо мегуем соли 1401 ҳам мунтазири шикастҳои муфтазиҳонаи дигар бошед.

Вай идома дод: Чаҳорумин унсури умедофаринӣ зарфиятҳои бебадили кишвар аз ҷумла нерӯи инсонӣ, захираҳои азими нефт ва газ, қудрати мушакӣ ва руҳияи инқилобии мардум аст.

Оятуллоҳ Хотамӣ баён кард: Дар садри ҳамаи унсурҳои умедофарин, Раҳбари фақиҳ, силихурдаи қабл аз инқилоб, размандаи давраҳои буҳронии ҷанг, раҳбари дурандеш, оятуллоҳилузмо Имом Хоманаӣ вуҷуд дорад, ки бо ин унсурҳои умедофарин, ҷойи барои ноумедӣ вуҷуд надорад.