Арзаи таслиҳоти ҷадиди Эрон дар намоишгоҳи байналмиллалии саноъати дифоъии Давҳа
Март 25, 2022 19:18 Asia/Dushanbe
Таслиҳоти ҷадиди Эрон барои фуруш дар бозорҳои ҷаҳонӣ дар намоишгоҳи байналмиллалии таҷҳизоти дифоъии Давҳа дар Қатар ба намоиш даромад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар намоишгоҳ ва канфронси байналмиллалии дифоъии Давҳа, ки давлати Қатар мизбони он аст ҳайате аз Ҷумҳурии Исломии Эрон силоҳҳои ҷадиде, ки ба таври бумӣ дар ин кишвар тавлид шударо барои фуруш дар бозорҳои байналмиллалӣ ба намоиш гузоштанд.
Салим ибни Аҳмад ибни Ақил Алнабот, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Қатар низ дар тули замони баргузории намоишгоҳи байналмиллалии саноъати дифоъи Қатар (DIMEX) аз ғурфаи Ҷумҳурии Исломии Эрон боздид кард.
Барчасп