Имзои се санади ҳамкорӣ байни Эрон ва Словения
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i8308-Имзои_се_санади_ҳамкорӣ_байни_Эрон_ва_Словения
Бо ҳузури раисони ҷумҳури Эрон ва Словения, ду кишвар се санади ҳамкорӣ имзо карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 22, 2016 16:20 Asia/Dushanbe

Бо ҳузури раисони ҷумҳури Эрон ва Словения, ду кишвар се санади ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба иттилои пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурии Эрон, ҷумҳурии исломии Эрон ва ҷумҳурии Словения рӯзи сешанбе ба манзури таҳким ва тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, иртиботот ва фанноварии нано, се санад ва ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд.

Маросими имзои асноди ҳамкорӣ пас аз поёни нишасти ҳайъатҳои олирутбаи Эрон ва Словения дар ҳузури Ҳасани Рӯҳонӣ ва Борут Пахор, раисони ҷумҳурии Эрон ва Словения баргузор шуд.

Раисони ҷумҳурии Эрон ва Словения пас аз имзои санади ҳамкорӣ дар нишасти хабарӣ ширкат карданд.

Рӯҳонӣ дар ин нишасти хабарӣ бо таъкид бар густариши равобити Эрон бо Словения дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ гуфт, дар дидори имрӯз дутараф равобити дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалиро мурур карданд ва ду кишвар дар бисёре аз масоили минтақа ва ҷаҳон дорои назароти муштарак ҳастанд.

Ҳасани рӯҳонӣ ҳамчунин бар густариши равобит бо Иттиҳоди Аврупо таъкид кард.

Раисҷумҳури Словения низ дар ин нишасти хабарӣ гуфт, сафараш ба ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳамроҳи ҳайъати бузурги иқтисодӣ, нишондиҳандаи оғози фасли ҷадиде аз равобит миёни Любляна ва Теҳрон аст.

Раисҷумҳури Словения бо ишора ба пайбандӣ ва тааҳҳуди Эрон ба тааҳҳудоташ дар музокироти ҳастаӣ, аз ҳамаи тарафҳо хост, ба тамоми тааҳҳудоти худ дар ин тавофуқ пойбанд бошанд, зеро ин тавофуқ сигналест, ки нишон медиҳад, метавон ҳамаи муноқишоти байналмилалиро аз роҳҳои дипломатӣ ва музокира, ҳал кард.

Ҳамзамон бо сафари раисҷумҳури Словения қарор аст, фардо сафорати Словения дар Теҳрон, ки ба сабаби шароити иқтисодии ин кишвар ба муддати чаҳор сол баста шуда буд, бозгушоӣ шавад.