Баргузории ҷашнвораи фарҳангии Эрону Афғонистон
Ҷашнвораи фарҳангии Эрону Афғонистон дар Бустони Розии Теҳрон баргузор шуд.
Ба гузориши Пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии фарҳангу ҳунар, ҷашнвораи фарҳангии Эрону Афғонистон бо ҳамкории муовинати умури иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрдории минтақаи 11, Фарҳангсарои Розии Теҳрон ва Маҷмаи ҷаҳонии ҳайати мазҳабии афғонистониҳои муқими Эрон дар Бӯстони Розӣ баргузор шуд.
Ҳадаф аз баргузории ин ҷашнвора табодули мавзуоти фарҳангии муштарак байни ду кишвари Эрону Афғонистон дар айёми Наврӯз, ва ба иштирок гузоштани мавзуоти фарҳангӣ шомили одобу русум, хӯрок ва пӯшок ва ҳунари муштараки ин ду кишвар аст ва тамаркузи ҷашнвора бар намоиши тавонмандиҳо ва дастовардҳои муҳоҷирони афғонистонии муқими Эрон буд.
Ҷашнвора дар якум фарвардини 1401 бо баргузории маросими “Милаи гули сурх” оғоз шуд, маросиме ки решаи он ба шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балх боз мегардад.
Иҷрои мусиқии суннатӣ, барпоии намоишгоҳи саноати дастӣ, муаррифии нухбагони фарҳангӣ, илмӣ ва варзишӣ, намоиши ҳунарҳои суннатӣ ва таҷассумӣ ва муаррифии амокини гардишгарӣ, савғот ва ғизоҳои маҳаллии кишвари Афғонистон аз дигар бахшҳои ин ҷашнвора буд.