Ҳаққи Эрон барои баҳрабардорӣ аз майдони муштараки газии  "Ораш" маҳфӯз аст
(last modified Sat, 26 Mar 2022 05:53:43 GMT )
Март 26, 2022 10:53 Asia/Dushanbe
  • Ҳаққи Эрон барои баҳрабардорӣ аз майдони муштараки газии  

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, таъкид кард кард, ки ҳаққи Эрон барои баҳрабврдорӣ аз ин майдони муштараки газӣ, маҳфӯз аст.

Саъиди Хатибзода, дар хусӯси тавофуқи эълом шудаи ҷадид миёни Арабистони Саудӣ ва Кувайт дар хусӯси майдони муштараки газии "Ораш" гуфт, майдони газии "Ораш" як майдони муштарак байни кишварҳои Эрон, Кувайт ва Арабистон Саудӣ аст ва бахшҳое аз он дар маҳдӯдаи обҳои таҳдиди ҳудӯд нашуда байни Эрону Кувайт қарор дорад.

Вай афзуд, бар асоси муқаррарот ва равияҳои байналмилалӣ ҳар гуна иқдом дар баҳрабардорӣ ва тавсеаи ин майдон бояд бо ҳамоҳангӣ ва ҳамкории ҳар се кишвар анҷом шавад ва иқдоми ахири Кувайт ва Арабистони Саудӣ дар қолаби як санади ҳамкорӣ, муғойир бо равияҳои ҷорӣ ва музокироти анҷом шудаи қаблӣ, буда ва ғайриқонӯнӣ аст ва таъсире бар вазъияти ҳуқуқии майдон надошта ва мавриди таъйиди Ҷумҳурии Исломии Эрон намебошад.

Хатибзода ҳамчунин гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамонтавр, ки борҳо эълом кардааст, омодагӣ дорад то дар хусӯси чигунагии баҳрабардорӣ аз ин майдони муштарак бо кишварҳои ҳамсоя, Кувайт ва Арабистони Саудӣ  вориди музокира кунад.

Вай хотирнишон кард, Эрон омодагӣ дорад ҳамзамон дар чорчӯби натоиҷи музокироти қаблӣ бо Кувайт дар робита бо таҳдиди ҳудӯди сарзаминӣ музокироти дуҷонибаро идома диҳад ва ҳамчунин дар хусӯси мушаххас кардани нуқтаи сегона, байни се кишвар музокироти сеҷонибаеро оғоз кунад.

Майдони газии "Ораш" , дар соли 1967 кашф ва баҳрабардорӣ аз он дар соли 1391 оғоз шуд.

Ин майдони газӣ аз маёдини муштараки Эрон, бо кишварҳои Кувайт ва Арабистон аст.

Захира дар ҷои гази майдони "Ораш" , 20 триллион фут/мукааб ва захираи нафти дар ҷои ин майдон низ наздик ба 310 миллион бушка баровард мешавад.

Майдони газии "Ораш", аз сӯи ду кишвари арабии майдон, "Ал Давра" номида мешавад.