Март 26, 2022 21:31 Asia/Dushanbe
  • Тахлия ва боргирии 152 миллион тон маҳсулот дар бандарҳои Эрон

Оморҳои муовинати барномарезӣ ва мудирияти манобеи Вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон нишон медиҳад, 152 миллион тон молу маҳсулот дар бандарҳои Эрон тахлия ва боргирӣ шудааст.

Ба гузориши Вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон, оморҳои муовинати барномарезӣ ва мудирияти манобеи ин вазоратхона нишон медиҳад, ки мизони амалиёти тахлияву боргирии коло дар банодири Эрон то поёни соли гузаштаи хуршедӣ (1400) муодили 91/,  152 миллион тон будааст, ки нисбат ба соли гузашта (1399) рушди 17 дарсадиро нишон медиҳад.

Ин омор нишон медиҳад, мизони амалиёти тахлияву боргирӣ дар соли 1400 нисбат ба муддати соли 1399 дар бахши контейнерӣ ба воҳиди” TUE” рушди 5 / 13, дар бахши контейнерӣ ба вазн низ рушди 6 / 17 дарсадиро таҷриба кардааст.

Мизони амалиёти тахлияву боргирии коло дар банодири Ободон, Арвандканор, Астара, Имом Хумайнӣ (раҳ), Амиробод, Анзалӣ, Бушеҳр, Тиёб, Ҷоск, Чобаҳор, Чорак, Чавибде, Хуррамшаҳр, Дайр, Шаҳид Боҳунар, Шаҳид Раҷоӣ, Шаҳид Ҳаққонӣ, Фаридунканор, Қишм, Гунова, Линга ва Навшаҳр мадди назар қарор гирифтааст.