Ноябр 23, 2016 11:38 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Кишварҳои мустақил дар баробари бархе қудратҳо сукут накунанд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба ҳаводиси дардноки минтақа ва нақши бархе қудратҳо дар таҳмили ҷанг бар миллатҳо таъкид карданд: Эрон ҳамвора кишварҳои мустақилро ба нақшофаринии фаъол дар муқобила бо фишор бар миллатҳо фаро хонда ва аз онҳо хостааст, ки сокит ва тамошочӣ набошанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ асри сешанбе дар дидори Борут Пахор, раисҷумҳури Словения ва ҳайъати ҳамроҳ, даргириҳои хашин дар кишварҳои минтақаи ғарби Осиё ва эҷоди гурӯҳҳои террористӣ ҳамчун ДИИШ-ро натиҷаи дахолату таҳмили бархе қудратҳо хонданд.

Эшон афзуданд: Вазифаи ҳамаи кишварҳо талош барои хомуш кардани оташи ин даргириҳост ва ҷумҳурии исломии Эрон низ бар хилофи таблиғоти ҷарёни султа, бо ҳамин ҳадаф фаъол ва таъсиргузор аст, аммо дахолате дар умури кишварҳои дигар намекунад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, эътилофи амрикоиҳо зидди ДИИШ-ро муваффақ надонистанд ва дар табйини далели ин нокомӣ ба ду дидгоҳ ишора ва тасреҳ карданд: Бар асоси дидгоҳи аввал, амрикоиҳо барномае барои решакан кардани ДИИШ надоранд ва мехоҳанд, ба гунае амал кунанд, ки ин мушкил ба сурати ҳалнашуда дар Ироқ ё Сурия боқӣ бимонад.

Эшон тасреҳ карданд: Бар асоси дидгоҳи дувум, амрикоиҳо моил ба ҳалли қазияи ДИИШ ҳастанд, аммо созукорҳо ба наҳве нест, ки онҳо қодир ба анҷоми ин кор бошанд, ки албатта натиҷаи ҳар ду дидгоҳ токунун яксон буда ва имрӯз Ироқ ва ба вижа Сурия дар вазъияти бисёр талху сахте ба сар мебаранд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ як солу ҳашт моҳ бомбборони мардуми Яман ва нобуд кардани зерсохтҳои ин кишвар тавассути давлати Саудиро ҳам яке дигар аз ҳаводиси талхи ин рӯзҳои минтақа баршумурданд ва афзуданд: Давлатҳои мустақил бояд бо ин ҳаводис муқобила кунанд, зеро таҳти фишор қарор додани як миллат дар воқеъ ранҷу дарде барои ҳамаи башарият аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо ишора ба анҷоми комили тааҳҳудоти Эрон дар ҷарёни тавофуқи ҳастаӣ, аз амал накардани тарафҳои муқобил ба тааҳҳудоташон интиқод карданд.