Марзи Меҳрон барои тараддуди зоирон бастааст
(last modified Mon, 28 Mar 2022 14:02:16 GMT )
Март 28, 2022 19:02 Asia/Dushanbe
  • Марзи Меҳрон барои тараддуди зоирон бастааст

Фармондори Меҳрон, устони Илом(ғарби Эрон) гуфт, ҳамакнӯн марзи Меҳрон бастааст ва имкони тараддуди зоирон вуҷӯд надорад.

Алиаббоси Шафеъӣ бо ишора ба дархости бархе аз ҳамватанон барои ҳузур дар марзи Меҳрон ба сӯрати корвонӣ ва бидуни визо барои сафар ба Ироқ ва зиёрати атаботи олиёт афзуд, марзи заминии Меҳрон бастааст ва имкони тараддуди зоирон вуҷӯд надорад.

Вай гуфт, дар ҳоли ҳозири вуруд ба кишвари Ироқ фақат аз роҳи ҳавоӣ ва баргашт аз тариқи заминӣ муҷоз аст ва афрод бо дар даст доштани озмоиш ва тести карона метавонанд ба кишвари Ироқ вуруд дошта бошанд.

Шафеъӣ гуфт, тараддуд аз марзи Меҳрон фақат барои тоҷирон, туллоби ҳавзаи илмия, афроди дори мадорики пизишкӣ ва афроде, ки аз тариқи сафорату консулгарии кишвари Ироқ дорои раводид бошанд, манъе надорад.

Шаҳристони марзии Меҳрон дар 85 километрии ҷануби ғарбии Илом, ғарби Эрон, ҳудӯди 230 километр бо Бағдод, пойтахти Ироқ фосила дорад.