Март 30, 2022 19:13 Asia/Dushanbe

Раисиҷумҳур ва ҷамъе аз вазирон, муовинон ва мақомоти аршади кишвар, вориди фурудгоҳи байниалмилалии шаҳид Ҳошиминажоди Машҳад шуданд ва мавриди истиқболи намояндаи валии фақиҳ, устондор ва ҷамъе аз масъулони Хуросони Разавӣ қарор гирифтанд.

Ба гузориши Садо ва симо, токунӯн чанд тан аз муовинон, масъулон ва мақомоти аршади кишварӣ вориди Машҳад шуда ва ба бархе шаҳристонҳо сафар ва барномаҳои худро оғоз кардаанд.

Зиёрати боргоҳи мунаввари Разавӣ, дидор бо ҷамъе аз хонаводаҳои муаззами шуҳадо, мулоқот бо уламо ва рӯҳониёни устон, ҳузур дар ҷамъи фаъолони иқтисодӣ бо рӯйкарди тавлид, донишбунён ва иштиғол, баргузории нишасти Шӯрои идории устон бо ҳузури раиси давлат ва намояндагони эъзомии вай ба шаҳристонҳои устон ва нишасти ҳайати давлат аз меҳварҳои сафари ҳуҷҷатулислом  валмуслимин Раисӣ ба Машҳад ва Хуросони Разавӣ аст.

 

Барчасп