Амирабдуллоҳиён: Афғонистон ниёзманди ташкили давлати фарогири миллӣ аст
(last modified Thu, 31 Mar 2022 05:29:34 GMT )
Март 31, 2022 10:29 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Решаи мушкилоти Афғонистон дар ишғоли тӯлонимуддати ин кишвар ва сиёсатҳои ғалати ишғолгарон аст
    Амирабдуллоҳиён: Решаи мушкилоти Афғонистон дар ишғоли тӯлонимуддати ин кишвар ва сиёсатҳои ғалати ишғолгарон аст

Вазири умури хориҷаи Эрон дар сеюмин нишасти ҳамсоягони Афғонистон дар шаҳри Тунсии Чин, эҷоди як механизми дарунминтақаиро ба мувозоти ташкили давлати фарогири миллӣ дар Афғонистон зарурӣ донист.

Сеюмин нишасти ҳамсоягони Афғонистон бо ҳузури вазирони умури хориҷа ва мақомоти Эрон, Покистон, Чин, Туркманистон, Узбекистон, Русия, Тоҷикистон ва Қатар аз рӯзи чаҳоршанбе дар Чин оғоз шуд ва имрӯз (панҷшанбе) поён меёбад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҳусайн  Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз (панҷшанбе) дар ин нишаст гуфт, решаи мушкилоти Афғонистонро метавон дар ишғоли тӯлонимуддати ин кишвар ва сиёсатҳои ғалати ишғолгарон ва Амрико донист.

Амирабдуллоҳиён афзуд, ишғоли тӯлонимуддати Афғонистон на танҳо кумаке ба тавсеаи он накард ,балки навъе аз вобастагиро ба вуҷӯд оварад, ки мӯҷиб шуд бо ақибнишинии ишғолгарон, сохторҳои сиёсӣ ва иқтисодии он фурӯ бирезад ва монанди ҳамеша мардуми мазлӯми Афғонистон бузургтарин бозанда ва қурбонии ин вазъият бошанд.

Амирабдуллоҳиён пешниҳод кард, як созу кори амниятии мушаххасе дар қолаби созмонҳои мавҷӯд ё бо мавҷӯдияте мустақил барои ҳамоҳангсозии сиёсати зидди террористии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон эҷод шавад то иқдомоти ҷамъии кишварҳо ва табодули иттилоот дар ин заминаро тасҳил ва мудирият кунад.

Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин гуфт, ташкили сандуқии молӣ бо ҳадафи ҳимоят аз мардуми Афғонистон ба мувозоти ташкили давлати фарогири миллӣ, як зарурат аст.

Бештар бихонед: