Март 31, 2022 18:14 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони хориҷаи Чин ва Эрон

Вазири хориҷаи Эрон ва вазири хориҷаи Чин дар ҳошияи нишасти ҳамсоягони Афғонистон дидору гуфтугӯ карданд.

Сеюмин нишасти ҳамсоягони Афғонистон бо ҳузури вазирони умури хориҷа ва мақомоти Эрон, Покистон, Чин, Туркманистон, Узбакистон, Русия, Тоҷикистон ва Қатар аз рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Тяншани Чин оғоз шуд ва рӯзи панҷшанбе поён меёбад.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон ва Ванг И, вазири умури хориҷаи Чин дар ин дидор дар бораи масоили мавриди алоқа табодули назар карданд.

Амирабдуллоҳиён пеш аз ин бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, Умар Раззоқов, муовини нахуствазири Узбакистон, Муҳаммад бин Абдурраҳмон оли Сонӣ, вазири умури хориҷаи Қатар, Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон, Амирхони Муттақӣ, вазири хориҷаи давлати муваққати Толибон, вазири умури хориҷаи Туркманистон ва вазири умури хориҷаи Индонезия дар ҳошияи нишасти вазирони умури хориҷаи ҳамсоягони Афғонистон дидору гуфтугӯ кард.

 

Барчасп