Даргузашти Оятуллоҳ Мусавии Ардибилӣ аз мароҷеи тақлид
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i8344-Даргузашти_Оятуллоҳ_Мусавии_Ардибилӣ_аз_мароҷеи_тақлид
Оятуллоҳ Саид Абдулкарим Мусавии Ардибилӣ аз мароҷеи бузурги тақлид дори фониро видоъ гуфт.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Ноябр 23, 2016 15:57 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти Оятуллоҳ Мусавии Ардибилӣ аз мароҷеи тақлид

Оятуллоҳ Саид Абдулкарим Мусавии Ардибилӣ аз мароҷеи бузурги тақлид дори фониро видоъ гуфт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Оятуллоҳ Мусавии Ардибилӣ, ки аз чанд рӯз қабл баиллати оризаи қалбӣ ва гуворишӣ дар бемористони Лолаи Теҳрон бистарӣ буд, имрӯз дар синни 91 солагӣ чашм аз ҷаҳон фуру баст.

Миркарим Мусавии Каримӣ маъруф ба Саид Абдулкарими Мусавии Ардибилӣ таҳсилоти ҳавзаии худро дар дар Ардабил оғоз кард ва пас аз он барои такмили таҳсилоти худ ибтидо роҳии Қум ва сипас Наҷафи Ашраф шуд ва баъди 2 сол таҳсил дар Наҷаф баиллати дарҳамрехтагии авзои сиёсии Ироқ ва мушкилоти хонаводагӣ ба Қум бозгашт.

Ин олими раббонӣ дар солҳои пеш аз инқилоби исломӣ дар суфуфи мубориза бо режими тоғути паҳлавӣ фаъолиятҳои густардае дошт ва борҳо то марзи дастгирӣ пеш рафт.

Оятуллоҳ Мусавии Ардибилӣ баъди пирӯзии инқилоби исломӣ муддате раиси дастгоҳи  қазоии Эрон шуд ва вазифаи тадвини қавонини кайфарӣ, ҷазоӣ ва ҳуқуқии додгустарӣ ва интибоқи онҳо бар мавозини шаръ ва фиқҳи исломиро бар уҳда дошт.

Яке аз иқдомоти арзишманди ин олими барҷаста таъсиси Донишгоҳи муфиди Қум буд , ки ҳамасола донишомӯхтагони фаровонеро дар риштаҳои улуми инсонӣ тарбият мекунад.