Торемӣ беҳтарин бозикуни моҳи Порто шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i83476-Торемӣ_беҳтарин_бозикуни_моҳи_Порто_шуд
Миллипӯши футболи Эрон бо раъйи ҳаводорони тими футболи Портои Португалия, ба унвони беҳтарин бозикуни моҳи ин тим муаррифӣ шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 01, 2022 16:46 Asia/Dushanbe
  • Торемӣ беҳтарин бозикуни моҳи Порто шуд

Миллипӯши футболи Эрон бо раъйи ҳаводорони тими футболи Портои Португалия, ба унвони беҳтарин бозикуни моҳи ин тим муаррифӣ шуд.

Бошгоҳи футболи Портои Португалия барои муаррифии беҳтарин бозикуни моҳи тими футболи ин бошгоҳ, як назарсанҷиро роҳандозӣ кард то ҳаводорон битавонанд беҳтарин бозикуни моҳро интихоб кунанд. Ин назарсанҷӣ рӯзи ҷумъа ба поён расид.

Бар асоси натоиҷи ин назарсанҷӣ Меҳдии Торемӣ, ситораи эронии тими футболи Порто ба унвони беҳтарин бозикуни моҳи марти Порто интихоб шуд.

Ин интихоб ба далели амалкарди мусбати ин бозикун дар як моҳи гузашта аст.