Такзиби ҳуҷуми густардаи оворагони афғон ба марзҳои Эрон
Муъовини амният ва интизомии вазири кишвари Эрон ҳуҷуми густардаи оворагони афғон ба марзҳои кишварро такзиб кард.
Низомиёнӣ амрикоӣ пас аз 20 сол ишғолгарӣ бо хиффату хорӣ ва шикаст, охири августи соли 2021 аз Афғонистон хориҷ шуданд ва давлати Толибон дар Афғонистон сари кор омад.
Аз моҳҳо пеш аз суқути давлати Афғонистон ва рӯи кор омадани Толибон, мардуми ин кишвар ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла, Эрон муҳоҷират карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Сайид Маҷиди Мираҳмадӣ, муъовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Эрон гуфт: Видеои мунташиршуда дар фазои маҷозоӣ мабнӣ бар ҳуҷуми густардаи оворагони афғонистонӣ ба тарафи марзҳои Эрон марбут ба ҳафтуми шаҳривармоҳи соли 1400 ва дар Покистон таҳия шуда аст.
Мираҳмадӣ таъкид кард, маҳалли таҳияи ин видео марзи Ҷолиқ ва Калкони сарзамини Покистон аст ва иртиботе бо вуруди оворагони афғонӣ ба Эрон надорад.
Муъовини вазири кишвари Эрон таъкид кард, бар асоси гузориши фармондеҳии марзӣ ва устондории Систон ва Балучистони Эрон ин ҷамъият вориди Эрон нашудаанд.
Ҷумҳури Исломии Эрон ба унвони яке аз кишварҳои таъсиргузори минтақа ва ҷаҳон ҳамвора ба дунболи ҳалли буҳронҳои минтақаӣ, аз ҷумла буҳрони Афғонистон аз тариқи гуфтугӯ ва сиёсӣ буда аст.