Рутбаи нахусти Эрон аз назари захираҳои нефт ва газ дар ҷаҳон
(last modified Sat, 02 Apr 2022 12:16:38 GMT )
Апрел 02, 2022 17:16 Asia/Dushanbe
  • Рутбаи нахусти Эрон аз назари захираҳои нефт ва газ дар ҷаҳон
    Рутбаи нахусти Эрон аз назари захираҳои нефт ва газ дар ҷаҳон

Мудиромили ширкати нефти Эрон бо баёни ин ки зарфияти тавлиди нефт дар кишвар ба мизони пеш аз таҳримҳо расида аст, гуфт: Эрон аз назари захираҳои нефт ва газ дар ҷаҳон рутбаи нахустро доро аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Мӯҳсини Хуҷастамеҳр, мудиромили ширкати миллии нефти Эрон бо ишора ба ин ки беш аз 1200 миллиард бушка муъодили нефти хом дар зери замин дорем афзуд, Эрон аз назари нефт ва газ дар рутбаи нахусти ҷаҳон қарор дорад, ки ин иқтидори иқтисодӣ ва ҷузви муаллифаҳои қудрат ва иқтидори иқтисодии Эрон аст.

Хуҷастамеҳр таъкид кард, захираҳои қобили истеҳсоли нефти Эрон бар мабнои зариби бозёфт ҳудуди 157 миллиард бушка ва захираҳои гази мо ҳудуди 33 триллион метри мукааб аст, аммо аз назари нефт ва газ ҳудуди 330 триллион метри мукааб аст.