Ноябр 23, 2016 17:54 Asia/Dushanbe
  • Баёноти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори басиҷён

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон таъкид карданд: Иҷрои тамдиди таҳримҳои 10-сола қатъан нақзи Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) аст.

Ҳазрати оятуллоҳилузмо Хоманаӣ - Раҳбари инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори ҷамъе аз фармондеҳони басиҷ ва басиҷёни саросари Эрон бо ишора ба тамдиди қонуни таҳримҳои даҳсола дар конгресси Амрико изҳор доштанд: Давлати кунунии Амрико дар қазияи тавофуқи ҳастаӣ тахаллуфҳои зиёде то кунун анҷом дода, ки тозатаринаш тамдиди таҳрими даҳсола аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ тасреҳ карданд: Агар ин таҳрим эъмол шавад, қатъан нақзи БАРҶОМ аст ва бидонанд ҳатман Ҷумҳурии Исломӣ дар баробари он вокуниш нишон хоҳад дод.

 Эшон бо ишора ба изҳороти масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дастандаркорони Барҷом, ки ҳадаф аз тавофуқи ҳастаиро бардошта шудани фишорҳо ва таҳримҳо баён карданд, афзуданд: Тавофуқи ҳастаӣ ё ҳамон БАРҶОМ набояд ба василае барои фишор бар миллат ва кишвари Эрон табдил шавад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба масоили марбут ба Эрон ва давлати Амрико гуфтанд, мо феълан имконе барои қазоват дар бораи давлати ҷадиде, ки қарор аст дар ин кишвар сари кор биёяд надорем.

Ҳазрати Оятуллоҳилузмо Хоманаӣ таъкид карданд: Эрон бо иттико ба бовар ба қудрати ҳузури мардум, аз ҳеҷ қудрате дар дунё ҳарос надорад.

 Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо ишора ба роҳпаймоии бошукӯҳи арбаъини Ҳусайнӣ изҳор доштанд: Ҳузури миллионии мардум дар ин роҳпаймоӣ нишонаи «ишқ ва ҷозибаи ҳамроҳ бо басират» аст.

 Ҳазрати оятуллоҳилузмо Хоманаӣ зимни қадрдонӣ аз мардуми Ироқ барои пазироӣ аз зоирон хотирнишон карданд: Бархе ба думболи маҳв ё таҳрифи арбаъин ҳастанд, ки муваффақ ба ин кор нахоҳанд шуд, ва қатъан ин неъмати бузург барои миллатҳои Эрон ва Ироқ, пойдор ва боиси сарафрозӣ ва сарбаландӣ хоҳад буд.

 Ҳазрати оятуллоҳилузмо Хоманаӣ бо ишора ба улгубардорӣ аз басиҷ дар бархе кишварҳои минтақа ва барномарезии душман барои зарба задан ба ин улгу, гуфтанд: Яке аз тарроҳиҳои душман мавзӯи бисёр муҳими «нуфуз» аст, ки аз бештар аз як соли гузашта, борҳо дар бораи он ҳушдор дода шудааст.

 

Барчасп