Раисӣ: Эрон аз истиқлол ва амнияти Ироқ ҳимоят мекунад
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Ҷумҳурии Ислмии Эрон аз ваҳдат, истиқлол, амният ва иртиқои ҷойгоҳи минтақаӣ ва байналмиллаии Ироқ ҳимоят мекунад.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе дар тамоси телефонӣ бо Барҳам Солеҳ, раиси Ҷумҳурии Ироқ бо табрики фаро расидани моҳи мубораки Рамазон ва орзуи нузули баракоти Илоҳӣ барои миллати Ироқ ва тамоми мусалмонони ҷаҳон гуфт: Кучактарин ноамнӣ дар Ироқ ба зиёни ҳамаи кишварҳои минтақа аст.
Раисӣ бо таъкид бар ин ки Теҳрон ва Бағдод сирфан робитаи ҳамсоягӣ надоранд балки ду миллат аз робитаи бародарона ва хешовандӣ бархурдор ҳастанд, афзуд: Гомҳои хубе дар тавсиа ва таъмиқи равобити ду кишвар бардошта шуда аст ва Эрон аз густариши равобит ва ҳамкориҳо бо Ироқ дар заминаҳои мухталиф истиқбол мекунад.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон талош барои истиқрори амният ва оромиш дар минтақаро бидуни дахолати бегонагон мавриди таъкид қарор дод ва гуфт: Гузашти замон ҳаққонияти баёноти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ки Амкрико ба ҳеҷ унвон дилсӯзи миллатҳои мусалмони минтақа ва махсусан Ироқ нест-ро собит карда аст ва имрӯз бар ҳамагон ошкор шуд, ки бегонагон сирфан дунболи манофеъ ва султагарии худ ҳастанд.
Раисӣ таъкид кард: Ҳар кишвар дар минтақае, ки нисбат ба аҳдофи султагаронаи Амрико ва режими саҳюнистӣ ғафлат кунад, ҳам манофеъи миллати худро поймол кард ва ҳам мавриди ғазаби миллатҳои мусалмон қарор хоҳад гирифт.
Барҳам Солеҳ низ бо табрики моҳи мубораки Рамазон бар ҳамкории муштараки Эрон ва Ироқ барои ғалаба бар чолишҳои минтақа таъкид карду гуфт: Истиқрор ва суботи амният дар минтақа аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.
Раиси Ҷумуҳурии Ироқ бо ёдоварии аҳамияти тавсеаи равобити тиҷоратӣ ва иқтисодии ду кишвар гуфт: Зарфиятҳои иқтисодии Эрон ва Ироқ метавонад дар хидмати манофеъи ду миллат қарор бигирад.