Омодагии размро бо пуштибонӣ аз ширкатҳои донишбунён тақвият мекунем
-
Омодагии размро бо пуштибонӣ аз ширкатҳои донишбунён тақвият мекунем
Фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъкид кард: Размро бо пуштибонӣ аз ширкатҳои донишбунён тақвият мекунем.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардори дарёдор Алиризо Тангсирӣ гуфт: Бо таъини шиъори сол ҳамагӣ вазифадор ҳастем бо талоши ҷиҳодӣ, дар амалиётӣ намудани ин фармони Раҳмбари муаззамин инқилоби исломӣ нақшофаринӣ кунем.
Сардор Алиризо Тангсирӣ афзуд: Имрӯз тамоми таҷҳизот ва васоили мавриди ниёзи Созмони нерӯҳои мусаллаҳ сохти дохил ва тавлиди миллӣ аст ва бархе аз онҳо бо ҳамкории ширкатҳои донишбунён сурат гирифта аст, имсол ҳам бо таваҷҷуҳ ба фармони Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ин ҳамкориҳо ва таъомулот бештар хоҳад шуд.
Пеш аз ин сардор Алӣ Фадавӣ ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон аз ҳамкории 14 донишгоҳи аслии кишвар бо нерӯҳои дарёии Сипоҳ барои иртиқои тавони фановарии низомии дарёӣ хабар дода буд.