Баёнияи намояндагони Маҷлис дар маҳкумияти ҳамла ба се руҳонӣ дар ҳарами Разавӣ
(last modified Wed, 06 Apr 2022 12:29:10 GMT )
Апрел 06, 2022 17:29 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи намояндагони Маҷлис дар маҳкумияти ҳамла ба се руҳонӣ дар ҳарами Разавӣ
    Баёнияи намояндагони Маҷлис дар маҳкумияти ҳамла ба се руҳонӣ дар ҳарами Разавӣ

Узви ҳайат-раисаи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон баёнияи 196 нафар аз намояндагон дар маҳкумияти ҳамла ба се руҳонӣ дар ҳарами Разавиро қироат кард.

Асри сешанбе фарди такфирӣ дар саҳни Паёмбари Аъзам(с)-и ҳарами Имом Ризо(а) бо корд ба се зоири руҳонӣ ҳамла кард. Бар асари ин ҳамла як руҳонӣ ба шаҳодат расид ва ду нафари дигар низ захмӣ ва ба бемористон мунтақил шуданд.

Фарди қотил ба кумаки авомили интизомӣ ва ягони ҳифозат боздошт шуд ва дар ихтиёри авомили иттилоъотӣ ва амниятии Эрон қарор гирифта аст.

Сайд Муҳсини Деҳнавӣ, узви ҳайат-раисаи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон имрӯз чаҳоршанбе баёнияи 196 нафар аз намояндагон дар маҳкумияти ҳамла ба се руҳонӣ дар ҳарами Разавиро қироат кард.

Дар ин баёния омада аст теғи шақоват, самбули хидмат ва диёнатро дар ҳарами Имоми рауф ҳазрати Имом Ризо(а) мавриди ҳуҷум қарор дод ва хуни поки яке аз шогирдони шоистаи мактаби Ҷаъафарӣ ва муравиҷони фарҳанг ва таъолими Разавиро дар ҳузури Имоми озодагон ва дар хонаи он пешвои меҳрабон бар замин рехт то як бори дигар хати сурхи шаҳодат бештар муҷиботи бештари огоҳӣ ва басиратро фароҳам оварад ва бар ҷурмҳои гургсифатони такфирӣ ва авомили муздури мустакбирони байналмиллалӣ бияфзояд.

Дар идомаи ин баёния омада аст, дастгоҳҳои амниятӣ ва қазоӣ решаҳо ва авомили пушти саҳнаи ин ҳодисаи ғамангезро барои мардум табйин кунанд ва нисбат ба ҳамаи касоне, ки дар ин ҷиноят нақш доштанд муҷозоти исломиро эъмол кунанд.