Апрел 06, 2022 17:31 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши тунди уламои аҳли Суннат ба беҳурматӣ ба ҳарами Имом Ризо(а)
    Вокуниши тунди уламои аҳли Суннат ба беҳурматӣ ба ҳарами Имом Ризо(а)

Олимони барҷастаи аҳли Суннати Курдистон ҳамла ба се талаба дар ҳарами Имом Ризо(а)-ро ба шиддат маҳкум мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар пайи ҷиноят ва ҳодисаи дилхароши беҳурматӣ ба ҳарами мубораки ҳазрати Имом Ризо(а) ва ҳуҷум ба се нафар аз руҳонияёни ҷиҳодгар ва хидматгузори Машҳади муқаддас, олимони барҷастаи аҳли Суннати устони Курдистон зимни ибрози ҳамдардӣ ва маҳкумияти шадиди ин таъарруз ба соҳати муқаддаси ҳазрати Имом Ризо(а) ва руҳонияти муъаззаз, хостори бархурди қотеъона бо омилони ин иттифоқи ногувор ҳастанд.

Момусо Фоиқи Рустамӣ, намояндаи мардуми Курдистон дар Маҷлиси хубрагони Раҳбари ва имом ҷумъаи Санандаҷ бо таслияти шаҳодати ҷонгудози шахсияти муҷоҳид ва инқилобӣ, ҷаноби ҳуҷҷатулислом вал муслимин Аслонӣ, ҷонбоз ва бародари 2 шаҳид ва ибрози таъасуф аз захмӣ шудани ду руҳонии дигар изҳор дошт: Ҳамаи мо мардуми устони Курдистон ин ҷинояти нобахшуданиро ба шиддат маҳкум мекунем ва хоҳони тақоси хуни ин шаҳиди азизамон ҳастем.

  • Момусо Муҳаммадамини Ростӣ, имом ҷумъаи муваққати Санандаҷ низ ҷинояти террористӣ дар ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо(а)-ро маҳкум кард ва изҳор дошт: Ҳодисаи талх ва дилхароши ҳамла ба руҳониёни ҷиҳодгар ва мардумӣ, ки мунҷар ба шаҳодати як нафар ва захмӣ шудани ду олими дигар шуда аст, боиси таъассур ва таъаллуми хотири ҳамаи миллати Эрон ба вижа мардуми устони Курдистон шуд.

Момусо Абдураҳмони Худоӣ, имом ҷумъаи Бона ҳам зимни маҳкумияти ба шаҳодат расондани ҳуҷатулислом вал муслмин Аслонӣ ва захмӣ кардани ту нафари дигар аз руҳониёни барҷаста ва ҷиҳодгари Машҳади муқаддас изҳор дошт: Ин иқдоми ахири гуруҳакҳои такфирӣ он ҳам дар ҳарами мубораки Имом Ризо(а) ҷинояти бузург аст ва ҳамаи виҷодни башарият онро маҳкум мекунанд.

  • Момусо Мустафо Шерозӣ, имом ҷумъаи Маривон низ дар гуфтугу бо хабарнигори Тасним зимни маҳкум кардани шадиди ҷинояти вақиҳона дар ҳарами мутаҳҳари Имим Ризо(а)  изҳор дошт: Бо таъассур ва андуҳи фаровон беҳурматӣ ба соҳати муқаддаси ҳазрати Имом Ризо(а) ва суиқасд ба ҷони се нафар аз руҳониёни арсаи хидмат ва ба шаҳодат расондани яке аз ин азизонро таслият арз мекунам, яқинан чунин ҷинояте аз сӯи гуруҳакҳои такфирӣ ва авомили худфрухта ва навкари истикбори ҷаҳонӣ, ҷуз бо хост ва чароғи сабзи давлати мустакбири Амрико ва саҳюнисти хуношом анҷом намешавад.

Ҳамзамон бо севвумин рӯзи моҳи мубораки Рамазон 3 руҳонии ҳозир дар саҳни Паёмбари Аъзам(с)-и ҳарами мутаҳҳари Разавӣ(а) бо заработи корди фарди муздур мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Дар ин ҳодиса ҳуҷатулислом вал муслимин  Аслонӣ аз руҳониёни фаъоли ҳошияи шаҳри Машҳад бо забони руза ба шаҳодат расид, ду талабаи дигар низ маҷруҳ ва ба бемористон мунтақил шуданд.

 

Барчасп