Апрел 07, 2022 13:13 Asia/Dushanbe
  • Сиярто афзӯд, руйкарди созандаи Эрон барои ҳосили тавофуқи ниҳоӣ бисёр арзишманд аст
    Сиярто афзӯд, руйкарди созандаи Эрон барои ҳосили тавофуқи ниҳоӣ бисёр арзишманд аст

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба бӯҳрони Украина зимни мардуд донистани ҷанг ва таҳрим гуфт, Эрон тамаркуз бар роҳкори сиёсӣ дар Украинаро хостор аст.

Ба гузориши радиоии тоҷикии Садои Хуросон,  Амир Абдуллоҳиён дар гуфтугӯи телефони бо Питер Сиярто вазири умури хориҷаи Маҷористон зимни табрики пирӯзии ҳизби ҳоким Фейдс дар интихоботи парлумонии ин кишвар, омодагии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои густариши равобит бо Маҷористон ва амалиёти кардани тавофуқҳои "дувумини камисиюни муштарки иқтисодии дукишвар " дар ҳавзаҳои мухталифро эълом кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар мавриди музокироти Вена низ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба ибтикороти Эрон, пешрафтҳои муҳиме дар музокирот ҳосил шудааст, аммо ҳамчунон бархе мавзуоти муҳим байни Эрон ва Амрико боқи мондааст, ки аз тариқи музокира кунандаи аршади Иттиҳодияи Аврупо табодули паём дар мавриди онҳо идома дорад.

  • Амир Абдуллоҳиён ҳамчунин бар ҷиддӣ будани Эрон барои расидан ба як тавофуқи хуб ва пойдор дар сурати воқеъбинии тарафи амрикоӣ таъкид кард.

Питер Сиярто вазири умури хориҷаи Маҷористон зимни даъвад аз ҳамтои эронӣ барои сафар ба Маҷористон, таъкид кард дар чорчӯби сиёсатӣ хориҷии давлат Маҷористон, муттаҳид ба тавсиаи ҳамкориҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

  • Вазири хориҷаи Маҷористон дар мавриди музокироти Вена низ изҳори умедворӣ кард бо руйкарди созандаи ҳамаи тарафҳо тавофуқ ҳосил шавад.

Сиярто афзӯд, руйкарди созандаи Эрон барои ҳосили тавофуқи ниҳоӣ бисёр арзишманд аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп