Апрел 07, 2022 19:18 Asia/Dushanbe
  • Сафорати Эрон ҳодисаи террористии масҷиди Пулихиштии Кобулро маҳкум кард
    Сафорати Эрон ҳодисаи террористии масҷиди Пулихиштии Кобулро маҳкум кард

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Афғонистон ҳодисаи террористии масҷиди Пулихиштии Кобул, ки сабаби захмӣ шудани теъдоде аз намозгуозрони рузадор шударо маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сафорати Эрон дар Кобул дар баёнияе зимни маҳкумияти ин иқдоми террористӣ эълом кард: Истифода аз равишҳои террористӣ, ки амнияти миллати Афғонистонро бо таҳдид мувоҷеҳ месозад аз ҷумла ҳодисаи террористи масҷиди Пулихиштии Кобул, ки сабаби захмӣ шудани теъдоде аз намозгузорони рузадор шуд маҳкум аст ва Эрон барои маҷруҳони ин ҳодиса аз даргоҳи Худованди Мутаъол шифои оҷил масъалат менамояд.

Инфиҷор дар масҷиди Пулихиштии Кобул дар ҳоле руӣ дод, ки намозгузорон дар ҳоли адои намози пешин буданд.

Омори дақиқи талафот ҳануз мушахас нест, аммо захмӣ шудани 6 нафар дар ин инфиҷори террористӣ тайид шуда аст. Дар ин замина Холид Задрон, сухангуи фармондеҳи амнияти Кобул гуфт: Ин инфиҷор бар асари партоби бомби дастӣ буда аст.

 

Барчасп