Ҷон бохтани 41 нафар бемори коронаии дигар дар Эрон
Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: Дар 24 соати гузашта 41 бемори Ковид-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмуъи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 140 ҳазору 492 нафар расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, аз рӯзи чаҳоршанбе то рӯзи панҷшанбе бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 3800 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 459 нафари аз онҳо бистарӣ шуданд.
Маҷмуъи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 7 миллиону 183 ҳазору 808 нафар расид ва як ҳазору 536 нафар аз беморони мубтало ба Ковид-19 дар бахшҳои муроқибатҳои вижаи бемористонҳо таҳти назорат қарор доранд.
Хушбахтона то кунун 6 миллиону 904 ҳазору 733 нафар аз беморон беҳбуд ёфт ва ё аз бемористонҳо тархис шуданд. Ҳамагирии вируси корона то кунун ҷони 6 миллиону 192 ҳазору 47 нафарро дар ҷаҳон гирифта аст.
Корона то кунун чаҳор ҷаҳиши женетикии хатарнок шомили Алфа, Бето, Гомо ва Делто дошт ва Омикрон ҷадидтарин навъи ин вирус аст. Созмони ҷаҳонии беҳдошт пештар нисбат ба суномии навъҳои Омикрон ва Делто ба дунбори рекордшикании мавориди мубтало ба Ковид-19 дар сатҳи ҷаҳон ҳушдор дод.
Бештар бихонед: