Саноъати ҳастии Эрон-натиҷаи 43 сол муқовимат дар баробари фишорҳои Ғарб
(last modified Thu, 07 Apr 2022 14:32:58 GMT )
Апрел 07, 2022 19:32 Asia/Dushanbe
  • Саноъати ҳастии Эрон-натиҷаи 43 сол муқовимат дар баробари фишорҳои Ғарб
    Саноъати ҳастии Эрон-натиҷаи 43 сол муқовимат дар баробари фишорҳои Ғарб

Сафири пешини Эрон дар Италия пешрафт дар фаъолиятҳои ҳастаии Эронро хуруҷии 43 сол муқовимат донист.

20 фарвардинмоҳ баробар бо 9 апрел, рӯзи миллии фановарии ҳастаии Эрон аст.

Абулфазли Зуҳраванд, сафири пешини Эрон дар Италия, рӯзи панҷшанбе дар гуфтугу бо ИРНА, бо табрики рӯзи миллии саноъати ҳастаии Эрон, гуфт: Рӯзи миллии фановарии ҳастаӣ яке аз рӯзҳои ифтихоромез барои Эрон дар арсаҳои текноложии ҳастаӣ ва қарор гирифтан дар лабаи илм дар ин ҳавза аст.

Сафири собиқи Эрон дар Италия афзуд: Мо дар ин солҳо ба рағми ҳамаи фишорҳое, ки Ғарб ва ба хусус амрикоиҳо бар Эрон ворид карданд то боздорандагӣ эҷод карда ва ин текнолоҷиро дар Эрон аз байн баранд, тавонистем дар ҳамаи сохтаҳои ин илм, аз маъдан то милагузорӣ, тавлиди сафҳаи сухт ва ҳатто сухти неругоҳи бумӣ пешрафт кунем.

Ин коршиноси масоили байналмиллал бо баён ин ки саноъати ҳастаи як дастоварди инқилоб аст хотирнишон кард: Мо тавонистем дар арсаи ҳастаӣ як санади рушан барои ҷаҳониён ва касоне, ки пеш аз инқилоб набуданд дошта бошем то натиҷаи 40 сол муқовимат дар ин ҳавзаро шоҳид бошанд.