Режими саҳюнистӣ решаи аслии нооромиҳо дар сарзаминҳои ишғолӣ аст
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон зимни вокуниш ба таҳаввулоти ахир дар сарзаминҳои ишғолӣ, режими апартеиди саҳюнистиро решаи аслии ҳамаи нооромиҳо дар сарзаминҳои ишғолӣ хонд.
Саъиди Хатибзода бо ишора ба таҳаввулоти ахир дар Фаластини ишғолӣ, изҳор дошт: “Нажодпарастӣ, саркӯб, куштор, зиндонӣ кардан, маҳрӯмиятҳои доманадор ва таҳқири рӯзонаи миллати мазлӯми Фаластин ва ҳамчунин терроризи урёни режими апартеиди саҳюнистӣ, решаи аслии ҳамаи нооромиҳо дар сарзаминҳои ишғолӣ аст.
Вай мубориза бо ишғолгаронро ҳаққи машрӯъ, бадеҳӣ ва табиии мардуми бедифои Фаластину посухе дар қиболи тааррузҳои мукаррари саҳюнистҳо ба амокини муқаддасаи Байтулмуқаддас ва ҷиноёт ва таҷовузоти мустамари режими ғосиби Исроил алайҳи мардуме, ки таҳти маҳрӯмиятҳои шадид дар Қудси шариф ва соири арозии Фаластин қарор доранд, хонд ва бар ҳимояти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ормони Фаластин ва муборизоти раҳоибахши мардуми он таъкид кард.
Хатибзода аз ҳамаи миллатҳо, давлатҳо ва маҷомеи байналмилалӣ хост то дар ҷиҳати таъмини амнияти мардуми Фаластин бар асоси асли дифои машрӯъ аз худ дар муқобили ишғолу терроризми режими апартеиди саҳюнистӣ, амал карда ва монеъи таҷовузоту ҷиноёти ваҳшиёнаи саҳюнистҳо дар Фаластин шаванд.
Сухангуи вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар поён танҳо роҳи ҳалли буҳрони Фаластинро баргузории ҳамапурсӣ бо мушорикати ҳамаи сокинони аслии Фаластин унвон карду афзуд, бо таваҷҷӯҳ ба хислати саркаш, қонӯнгурез ва аҳдшикани режими ҷаълии саҳюнистӣ, муқовимат танҳо интихоби миллати таҳти ишғоли Фаластин барои водор кардан ин режими ишғолгар ба пазириши роҳи ҳалли демократӣ барои озодии Қудси шариф ва таъйини сарнавишти Фаластин аст.