Имрӯз; Рӯзи миллии фанноварии ҳастаӣ дар Эрон
9 апрел (20 фарвардин) ба поси қадрдонӣ аз талошҳои ифтихоромези донишмандони ҳастаии Эрон дар такмили чархаи сӯхти ҳастаӣ, "Рӯзи миллии фанноварии ҳастаӣ" номгузорӣ шудааст.
Донишмандони эронӣ дар чунин рӯзе дар соли 2006 муваффақ ба тавлиди чархаи комили сӯхти ҳастаӣ дар миқёси озмоишгоҳӣ шуданд.
Бо эъломи хабари муваффақияти донишмандону мутахассисони эронӣ дар заминаи дастёбӣ ба фанноварии ғанисозии уран ва роҳандозии як занҷираи комили ғанисозӣ тавассути сентрифугаҳои сохти Эрон ба Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар зумраи кишварҳои соҳиби технология дар ғанисозии уран дар арсаи фаъолиятҳои сулҳомез қарор гирифт. Имрӯз; Эрон бо ифтихор ва сарбаландӣ болотарин мизони рушд дар тавлиди илмро дорад ва дар арсаҳое ҳамчун тавлиду таксири селлулҳои бунёдӣ, фанноварии Нано ва дар тавлиди анвоъи родиодоруҳо бо истифода аз дониши ҳастаӣ дар шумори кишварҳои бархӯрдор аз донишҳои навини ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.
Дар арсаи дониши ҳастаӣ, акнӯн бо густариши беш аз пеши тавлидоту хадамоти марбӯт ба бахши пизишкии ҳастаӣ бахши қобили таваҷҷӯҳе аз ниёзҳои доруии марокизи дармонӣ ва беҳдоштии кишвар таъмин мешавад ва фаъолиятҳо дар бахшҳои мавриди ниёз бо суръат дар ҳоли анҷом аст. Донишмандони ҳастаии Эрон, дар солҳои ахир муваффақ шудаанд, анвоъи маҳсӯлоти пурмасрафро, ки мавриди ниёзи марокизи илмӣ ва таҳқиқотии кишвар аст, тавлид кунанд.
Тавсеаи рӯзафзӯни дастовардҳои ин санъати роҳбурдӣ, акнӯн бо тамоми тавон дар ҳавзаҳои мухталиф дар дастури кори талошгарони арсаи дониши ҳастаӣ қарор дорад.