Апрел 09, 2022 17:54 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон
    Охирин омори корона дар Эрон

Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 49 нафар бар асари ибтило ба вируси корона дар Эрон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи шанбе эълом кард: Дар 24 соати гузашта 49 бемори Ковид-19 фавт карданд, ки маҷмуъи фавтиҳо ба 140 ҳазору 577 нафар расид.

Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин эълом кард: Аз дируз то ирмӯз ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхиси як ҳазору 757 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки маҷмуъи беморон ба 7 миллиону 188 ҳазору 749 нафар расид.

Бар асоси ин гузориш то кунун 6 миллиону 913 ҳазору 934 нафар аз беморон беҳбуд ёфт ва аз бемористонҳо тархиш шуданд.

Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гузориш дод дар шабонарӯзи гузашта 54 ҳазору 205 доза ваксинаи корона дар Эрон тазриқ шуда аст.

Вазорати бедошт эълом кард: То кунун 64 миллиону 58 ҳазору 452 нафар дози аввал, 57 миллиону 120 ҳазору 485 нафар дози дуввум ва 26 миллиону 494 ҳазору 155 нафар дози севвуми ваксинаи коронаро тазриқ карданд ва маҷмуъи ваксинаҳои тазриқшуда дар Эрон ба 147 миллиону 673 ҳазору 92 доза расид.

 

Бештар бихонед:

Сабти камтарин шумори ҷон бохтагони корона дар Эрон дар 7 моҳи ахир

 

Барчасп