Апрел 09, 2022 18:29 Asia/Dushanbe
  • 5 миллиарду 643 миллион доллар-арзиши тиҷорати Эрон бо Авруосиё
    5 миллиарду 643 миллион доллар-арзиши тиҷорати Эрон бо Авруосиё

Сухангуи гумруки Эрон эълом кард: 5 миллиарду 643 миллион доллар арзиши тиҷорати Эрон бо Авруосиё буда аст.

Иттиҳодия иқтисодии Авруосиё шомили панҷ кишвари Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Беларусия аст ва дар чорчуби тавофуқномаи имзошуда 502 намуд колои содиротии Эрон ба ин кишварҳо аз таърифаи тарҷиҳӣ бархурдор шуданд.

Сайд Руҳуллоҳ Латифӣ, сухангуи гумруки Эрон рӯзи шанбе гуфт: Дар соли 1400 беш аз 13 миллиону 127 ҳазор тонна коло ба арзиши панҷ миллиарду 643 миллион доллар байни Эрон ва аъзои Иттиҳодияи иқтисодӣ-гумруки Авруосиё табодул шуд, ки рушди 51 дарсадӣ дар вазн ва 66 дарсадӣ дар арзишро ба ҳамроҳ дошта аст.

Сухангуи гумруки Эрон афзуд: Русия бо хариди як миллион 141 ҳазору 935 тонна коло ба арзиши 583 миллиону 658 ҳазору 306 доллар ва рушди 8 дарсадӣ  дар вазн ва 15 дарсадӣ дар арзиши дар садри мақосиди содиротии Эрон ба Авруосиё қарор дорад.

Латифӣ ҳамчунин гуфт: Дар соли 1400 воридоти Эрон аз аъзои иқтисодӣ-гумрукии Авруосиё 10 миллиону 356 ҳазору 890 тонна ба арзиши чаҳор миллиарду 472 миллиону 466 ҳазору 480 доллар буд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп