Апрел 10, 2022 21:22 Asia/Dushanbe
  • Номаи 250 намояндаи Маҷлис ба раиси ҷумҳур дар бораи музокироти ҳастаӣ
    Номаи 250 намояндаи Маҷлис ба раиси ҷумҳур дар бораи музокироти ҳастаӣ

Ҳайатраисаи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон номае бо имзои беш аз 250 нафар аз намояндагон перомуни музокироти ҳастаӣ хитоб ба раиси ҷумҳуриро қироат кард.

Даври ҳаштуми музокироти рафъи таҳримҳо, ки аз 27 декабри соли 2021 оғоз шуд, 11 марти соли 2022 ба пешниҳоди Хосеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо вориди як давра танафус шуд ва музокиракунандагон барои машваратҳои сиёсӣ ба пойтахтҳои худ бозгаштанд.

Аз он замон то кунун тарафайн аз пешрафт дар музокирот ва кам шудани мавориди ихтилофи сухан гуфтанд, вале мавзуъи тазминҳо ва хориҷ кардани ашхоси ҳақиққӣ ва ҳуқуқӣ аз листи сурх аз маҷмуъи таҳримҳо ҳаммчунон аз мавориде аст, ки Амрико ба унвони ноқиси БарҶом тасмими сиёсии лозимро барои ҳалуфасли он итихоз накарда аст.

Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс, дар поёни ҷаласаи алании имрӯзи Маҷлиси шӯрои исломӣ номае бо имзои беш аз 250 нафар аз намояндагон перомуни музокироти ҳастаӣ хитоб ба Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳур қироат шуд.

Дар бахше аз ин нома хитоб ба раиси ҷумҳур зимни тақдир аз талошҳои тими музокиракунанда барои рафъи таҳримҳо ва бо таъкид бар усули иззати ҳикмат ва маслиҳат ва таҷоруби гузашта ба нукоте ишора шуда аст.

  • Дар ин нома таъкид шуда аст, ки таҷрубаҳо нишон медиҳад тамоюл надоштани Амрико барои ироаи тазминҳои кофӣ ба тарафи эронӣ наметавонад ҳуқуқи миллати Эронро таъмин кунад ҳамчунин бо ёдоварии  таҳримҳои ҷадиди вазъшуда зидди бархи ашхос ва ширкатҳо аз сӯи Амрико ва дар ҳоли музокирот хотирнишон шуда аст, ки ин таҳримҳо нияти тахриби Амрикоро нишон медиҳад ва лозим аст дар тавофуқи ниҳоӣ ба он таваҷҷуҳ шавад.
  • Дар ин нома омада аст дар музокироти ҷадид лозим аст Амрико тазмини қонунӣ диҳад, ки аз БарҶом хориҷ намешавад ва ба шакли комилан қонунӣ мавзуъ дар ниҳодҳои тасмимсоз ва тасмимгири он кишвар монанди Конгресс низ  мусаваб гардад, ки дар оянда монеъи барои иҷрои он эҷод накунад.

Намояндагони Маҷлис дар ин нома таъкид карданд: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳақ дорад дар чорчуби саҳмияи таъиншудаи Созмони кишварҳои содиркунандаи нефт "ОПЕК" қабл аз эъмоли таҳримҳо ва бо тавҷуҳ ба вазъият ва ҷойгоҳи Эрон бар ҳар кишвар ва ба ҳар мизоне, ки мавриди тавофуқи тарафайн қарор мегирад нефт содир кунад ва аз тариқи системаи бонкӣ маблағи марбутаро дарёфт кунад.

Дар ин нома таъкид шуда аст, Маҷлиси шӯрои исломӣ аз ҳаргуна тавофуқе, ки бо риъояти қонуни Маҷлис ва хутути қирмизи тарсимшудаи низом, манофеъи миллати Эронро тазмин кунад ҳимоят хоҳад кард.

 

Барчасп