Ҳамоиши байналмиллаии "Фитнаи такфирӣ" дар Машҳад баргузор мешавад.
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i83982-Ҳамоиши_байналмиллаии_Фитнаи_такфирӣ_дар_Машҳад_баргузор_мешавад.
Ҳамоиши байналмиллалии "Фитнаи такфирӣ ва лузуми ваҳдати уммати Ислом" фардо душанбе ҳамзамон бо ҳафтумин рӯзи воқеъаи террористии ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ва шаҳодати 2 руҳонии ҷиҳодгар дар Машҳад баргузор мешавад.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Апрел 10, 2022 21:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши байналмиллаии \
    Ҳамоиши байналмиллаии \"Фитнаи такфирӣ\" дар Машҳад баргузор мешавад.

Ҳамоиши байналмиллалии "Фитнаи такфирӣ ва лузуми ваҳдати уммати Ислом" фардо душанбе ҳамзамон бо ҳафтумин рӯзи воқеъаи террористии ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ва шаҳодати 2 руҳонии ҷиҳодгар дар Машҳад баргузор мешавад.

Ҳамоиши байналмиллалӣ "Фитани такфирӣ ва лузуми ваҳдати уммати Ислом" рӯзи душанбе соати 17 ба мизбонии Конуни фарҳангӣ-таблиғии шаҳид Фотеҳ ва ҷамъе аз муҳоҷирони афғонистонии муқими Эрон дар меҳмонхонаи Офтоби Вилоят дар хиёбони оятуллоҳ Баҳҷат баргузор мешавад.

Дабири ин ҳамоиши байналмиллалӣ гуфт: Ин ҳамоиши байналмиллаӣ бо ҳузури уламо ва шахсиятҳо аз Эрон ва Афғонистон бо меҳварияти лузуми иттиҳоди мусалмонон дар муқобила бо фитнаи такфирӣ баргузор мешавад.

Ҳуҷатулислом Сайид Зуҳра Муҷоҳид бо баёни ин ки ин ҳамоиш бо эҳтиром ба мақаддасоти ҳамаи мазоҳиби исломӣ тарҳрезӣ шуда аст афзуд: Нахустин ҳадафи мо ин аст, ки решаҳои афкори такфириро бештар шинохта ва бо далелҳои мантиқӣ ба онҳо посух диҳем, то ҷавонон фиреби раҳбарони ҷоҳталаби гуруҳҳои такфириро нахуранд ва бо аҳдофи мустакбирон барои доман задан ба такфир огоҳ шаванд.

Вай идома дод: Дигар ҳадафи ҳамоиш ин аст, ки уламои Ислом бо садои воҳид аз гуруҳҳои такфирӣ бароат ҷуянд ва домани Исломро аз вуҷуди зишти такфириҳо бишуянд.

Дабири ҳамоиши байналмиллалӣ "Фитнаи такфирӣ" гуфт: Бояд эълом кунем онҳо ки Исломро дини қасоват ва хунрезӣ ва вайронӣ ва хушунат муъаррифи мекунанд аз мо нестанд, инҳо баҳона ба дасти исломситезон дода ва сабаби густариши Исломҳаросӣ дар ҷаҳон ва дурии милатҳои мусалмон аз якдигар мешаванд дар ҳоле, ки Ислом дини раҳмат ва муҳаббат аст, Муҷоҳид дур кардани 2 миллати бародари Эрон ва Афғонистонро аз тавтеаҳои душманон баршуморид ва гуфт: Муътақидем 2 миллате, ки беш аз ним қарни ахир дар канори якдигар ҳозир буданд ба мақоми хуншарики  расиданд ва акнун дастони касифи такфирӣ қасди ҷудосозии ин 2 миллати мусалмон ва бародарро дорад ва баргузории чунин ҳамоиш бори дигар эронӣ ва афғониро дар канори якдигар қарор хоҳад дод.

Вай идома дод: Фардо душанбе шайх Муҳаммад Мусо Ризоӣ, раиси шӯрои уламои шиъаи Ҳирот, мавлавӣ Ҳабибуллоҳ Ҳисом, раиси шӯрои ухувати исломии Афғонистон аз Кобул, ояутллоҳ Мудариси Яздӣ намояндаи марудми Хуросони Разавӣ дар Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ва Назир Аҳмади Саломӣ, намояндаи аҳли суннати мардуми Систон ва Балучистон дар Маҷлиси хубрагони раҳабрӣ дар ин ҳамоиш суханронӣ хоҳанд кард.