Ғарбиҳо ба дунболи фарсоишӣ кардани музокирот барои гирифтани имтиёзи бештар ҳастанд
(last modified Mon, 11 Apr 2022 04:09:51 GMT )
Апрел 11, 2022 09:09 Asia/Dushanbe
  • Ғарбиҳо ба дунболи фарсоишӣ кардани музокирот барои гирифтани имтиёзи бештар ҳастанд

Сухангӯи Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шурои исломии Эрон гуфт, ғарбиҳо ба дунболи коршиканӣ ва фарсоишӣ кардани музокирот барои гирифтани имтиёзи бештар ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории Хонаи Миллат, Маҳмуд Аббосзода Мишкинӣ дар паёме бо ишора ба музокироти Вена навишт: Дар музокироти Вена бар асоси манофеи миллии Эрон, ба дунболи натиҷаи хуб ҳастем.

Аббосзода Мишкинӣ афзуд: Ғарбиҳо ба дунболи коршиканӣ ва фарсоишӣ кардани масъала барои гирифтани имтиёзи бештар бошанд (бидуни додани имтиёз) тавофуқро бо ‎такхурӣ (танҳо ба нафъи худ) иштибоҳ гирифтаанд, агар бар ҳамин меҳвар исрор дошта бошанд, мо гузинаҳои дигаре дорем”.

Даври ҳаштуми музокироти рафъи таҳримҳо, ки аз 27 декабри 2021 оғоз шуд, 11 марти 2022 ба пешниҳоди Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо вориди як давраи танаффус шуд ва музокиракунандагон барои машваратҳои сиёсӣ ба пойтахтҳои худ бозгаштанд.