Раъйи 39 миллионевроии Девони байналмилалӣ ба нафъи Эрон
(last modified Mon, 11 Apr 2022 05:40:54 GMT )
Апрел 11, 2022 10:40 Asia/Dushanbe
  • Раъйи 39 миллионевроии Девони байналмилалӣ ба нафъи Эрон

Мудири ширкати муҳандисӣ ва тавсеаи гази Эрон аз раъйи 39 миллионевроии Девони байналмилалӣ ба нафъи Эрон хабар дод.

Ризо Навшодӣ, мудири ширкати муҳандисӣ ва тавсеаи гази Эрон гуфт, пас аз бозгашти таҳримҳо ширкати фаронсавии Суфрагаз қарордоди худ бо Эронро амалӣ накард.

Мудири ширкати муҳандисӣ ва тавсеаи гази Эрон афзуд, он қарордод бо ширкати захирасозии газ имзо шуд ва пас аз барҳам хурдани ин ширкат, ба ширкати муҳандисӣ ва тавсеаи гази Эрон мунтақил шуда буд.

Навшодӣ ҳамчунин гуфт, ширкати фаронсавии Суфрагаз дар Девони байналмилалии доварӣ 26 миллион евро алайҳи Эрон иддао кард, дар ҳоле ки алайҳи ин ширкат аз тарафи Эрон иқомаи даъво ва ниҳоятан раъй ба зарари ширкати фаронсавӣ содир шуд.

Мудири ширкати муҳандисӣ ва тавсеаи гази Эрон хотирнишон кард, дар натиҷа дар раъйи аввалияи Девони байналмилалии доварӣ, ки январи 2022 иблоғ шуд, ин ширкат бояд ба Эрон ғаромат пардохт кунад.