Сохти бузургтарин пардиси синамоии Ғарби Осиё дар Боғи Китоби Теҳрон
(last modified Mon, 11 Apr 2022 09:16:31 GMT )
Апрел 11, 2022 14:16 Asia/Dushanbe
  • Сохти бузургтарин пардиси синамоии Ғарби Осиё дар Боғи Китоби Теҳрон

Мудири ширкати тавсеаи фазоҳои фарҳангии шаҳри Теҳрон аз сохти бузургтарин пардиси синемои (маҷмуаи синамои) -и Ғарби Осиё дар Боғи Китоб хабар дод.

Боғи Китоби Теҳрон бузургтарин маҷмуаи китобу саргармиҳои илмии Эрон аст, ки дар ду табақа, бо зербинои 65 ҳазор метри мураббаъ ва вусъати 110 ҳазор метри мураббаъ бунёд шудааст.

Тӯли бинои Боғи Китоб ҳудуди 550 метр ва арзи он ба ҳудуди 70 метр мерасад. Ин маҷмуаи бузургтарин китобфурӯшии Эрон ва бино ба бароварди нашрияи “Нюзвик” эҳтимолан бузургтарин китобфурӯшии ҷаҳон ба шумор меравад.

Муҳаммади Муайидӣ, мудири ширкати тавсеаи фазоҳои фарҳангии шаҳри Теҳрон гуфт, бузургтарин пардиси синамоии Ғарби Осиё дар Боғи Китоби Теҳрон то авохири соли ҷорӣ сохта мешавад.