Июл 26, 2016 17:46 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони умури хориҷаи Эрон ва Гана

Вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз бо ҳамтои ганаии худ дар Аккраи пойтахт дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба иттилои Ирно, Муҳаммадҷаводи Зариф дар идомаи севвумин сафари давраии худ ба Африқо, субҳи имрӯз ба вақти маҳаллӣ дар Аккра, пойтахти Гана бо хонуми Ҳанна Серваа Теттеҳ, вазири умури хориҷаи ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Ду тараф дар ин дидор бар тавсеаи равобит ва густариши муносибот таъкид карданд.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар аввалин барномаи кории худ дар Гана аз маркази Ҳилоли Аҳмари Эрон боздид кард.

Доктор Масъуди Маликӣ, раиси Ҳилоли Аҳмари Эрон дар Гана гуфт: Ин марказ 25 сол аст, ки дар ин кишвари африқоӣ фаъолият мекунад ва дар ин марказ хадамоти пизишкӣ ба мардуми Гана бо ҳазинаи бисёр поин ироа мешавад.

Қарор аст, вазири умури хориҷаи Эрон бо раисҷумҳур ва раиси Маҷлиси Гана низ дидор кунад ва аъзои ҳайъати иқтисодии Эрон низ нишастҳоеро бо фаъолони иқтисодии ин кишвар баргузор хоҳанд кард.

Гана бузургтарин тавлидкунандаи ҷаҳонии какао ва мақоми дуввуми тавлиди алмоси ҷаҳон ва ҳамчунин дорои муҳимтарин маъданҳоитилло дар ҷаҳон аст.

Ҳайъати эронӣ ба раёсати Муҳаммадҷаводи Зариф пеш аз ин аз Нигерия дидан карда буд ва қарор аст, пас аз Гана ба ду кишвари африқоии Гвинеяи Конакри ва Молӣ сафар кунад .

Барчасп