Апрел 13, 2022 14:40 Asia/Dushanbe
  • Зарурати ҳушёрӣ дар баробари тавтеа зидди Афғонистон ва Эрон

Сафири Эрон дар Афғонистон бо ишора ба тавтеаи ахир зиди ду миллати Эрон ва Афғонистон гуфт, ду миллат иштирокҳои фарҳангӣ, тамаддунӣ, таърихӣ ва ҷуғрофиёии зиёде доранд.

Баҳодур Аминиён, сафири Эрон дар Афғонистон дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабаргузории “Эрон Пресс” дар Кобул гуфт, ба сабаби ҳамоҳангии иҷтимоӣ байни ду миллати Эрону Афғонистон, теъдоди зиёде аз атбои Афғонистон дар Эрон таҳсил кардаанд ва иртиботи ду миллат густарда ва таърихӣ аст.

Сафири Эрон дар Афғонистон изҳор дошт, дар моҳҳои гузашта мардуми Афғонистон латмаву мушкилоти зиёде дидаанд ва танҳо роҳи ҳифзи иртиботи онон, иртибот бо Эрон аст ва душманон барои ин ки ба ин иртибот осеб ворид кунанд, тавтеаеро дар чанд ҳафтаи ахир роҳандозӣ кардаанд.

Аминиён таъкид кард, агар уқало ва бузургони ду тараф натавонанд абъоди тавтеаро контрол кунанд, метавонад таъсири мухарриб дошта бошад ва ин тавтеа дар Афғонистон бо пахши клипҳои мухталиф дар зеҳни бархе аз мардуми ин кишвар таъсир гузоштаву рафтори ононро шакл додааст.

Сафири Эрон дар Афғонистон изҳор дошт: Мутаассифона, мақомот дар Кобул натавонистанд абъоди манфии тавтеаи тарроҳишудаи душманонро зидди ду миллати Эрон ва Афғонистон контрол кунанд.

 

Барчасп