Роҳёбии тими миллии футзали Эрон ба марҳалаи ниҳоии рақобатҳои Ҷоми миллатҳои Осиё
Тими миллии футзали Эрон бо бартарӣ муқобили Қирғизистон, ба марҳалаи ниҳоии рақобатҳои Ҷоми миллатҳои Осиё роҳ ёфт.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, тими миллии футзали Эрон дар бозии сеюм аз марҳалаи муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё - 2022 Кувайт, дар минтақаи марказ ва ҷануби Осиё дар майдони «Газпром» - и шаҳри Бишкек муқобили Қирғизистони мизбон қарор гирифт ва дар ниҳоят тими миллии Эрон бо натиҷаи 8 бар як Қирғизистонро мағлуб кард.
Тими Эрон дар ду бозии қаблии худ Молдоваро бо натиҷаи 17 бар сифр ва Туркманистонро бо натиҷаи 3 бар сифр шикаст дода буд.
Тими Эрон дар ин мусобиқот бо тимҳои Қирғизистон, Туркманистон ва Молдова ҳамгуруҳ аст.
Ду тими бартари ин гуруҳ ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё, ки дар Кувайт баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Марҳалаи ниҳоии Ҷоми миллатҳои футзали Осиё меҳрмоҳ (оятябри 2022) -и 1401 ба мизбонии Кувайт баргузор мешавад.