Эрон дар қоби тасвир: Боғи таърихии Аббособод - шоҳкори давраи Сафавӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i84146-Эрон_дар_қоби_тасвир_Боғи_таърихии_Аббособод_шоҳкори_давраи_Сафавӣ
Маҷмуаи таърихии Аббособод, яке аз муҳиму бузургтарин боғҳои эронии баҷоймонда мебошад, ки дар доманаи риштакӯҳҳои Албурз ва дар 9 километрии шаҳристони Беҳшаҳр (дар шарқи устони Мозандарон - шимоли Эрон) воқеъ шудааст.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Апрел 13, 2022 17:14 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар қоби тасвир: Боғи таърихии Аббособод - шоҳкори давраи Сафавӣ

Маҷмуаи таърихии Аббособод, яке аз муҳиму бузургтарин боғҳои эронии баҷоймонда мебошад, ки дар доманаи риштакӯҳҳои Албурз ва дар 9 километрии шаҳристони Беҳшаҳр (дар шарқи устони Мозандарон - шимоли Эрон) воқеъ шудааст.

Ин маҷмуаи таърихӣ дар соли 1346 (1967) сабти осори мероси миллии кишвари Эрон шудааст ва дар миёни 9 боғи эронии сабтшуда дар ЮНЕСКО танҳо боғе аст, ки дар шимоли ин кишвар қарор гирифтааст. Бинобар ин, Аббосободи Беҳшаҳр муҳимтарин боғи ғайрикавирии Эрон ба шумор меояд.